- Таҳлилҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар семоҳаи якуми соли равон соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, бахши сайёҳӣ, рӯ ба пешравӣ дорад. Аз ҷамъбасти семоҳа қаноатмандем ва бовар дорем, ки дар давоми сол дастоварду комёбиҳои сокинон боз ҳам бештару хубтар мешаванд, — гуфт зимни суҳбат муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода.
То ҳол дар ноҳия 8 хатсайри сайёҳӣ фаъол аст. Онҳо экологӣ, фарҳангию таърихӣ, агро — экосайёҳӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ буда, саёҳат ба воситаашон моҳҳои апрел — октябр имконпазир аст.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон дар маркази ноҳия 3 меҳмонхона ва ҳостел бо 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб мавриди истифода қарор доранд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», сохтмони 3 меҳмонхона бо 89 ҳуҷра ва 200 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар онҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода, Ҳоит, Ҷафр, Ҳиҷборак ва Аскалон, ки мавзеъҳои сайёҳии ноҳия ба ҳисоб мераванд, 15 Homstay (меҳмонхона дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон) ташкил шуда, барои қабули сайёҳон омода мебошанд.
Рушди минбаъдаи соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ба сифатнок иҷро гардидани нақша — чорабиниҳои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018 — 2020», ки бо қарори раиси ноҳия 1 июни соли 2018 тасдиқ гардидааст, вобастагӣ зиёд дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия бунёди 12 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, 5 адад ба истифода супорида шуд. Дар заминаи онҳо ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва марказҳои иттилоотии сайёҳӣ дар назар аст.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона (осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам»), 2 боғи фарҳангӣ фароғатӣ, боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, се тарабхона, 19 ошхона, 10 нуқтаи хӯроки тезтайёр, маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд.
Дар давраи зикршуда ба ноҳия 348 сайёҳ, аз ҷумла, 338 нафар сайёҳи дохилӣ ва 10 сайёҳи хориҷӣ, ворид гардидаанд.
- Бовар дорам, ки минбаъд сафи сайёҳон зиёд хоҳад шуд, — гуфт дар хотима Ҳамдулло Шарифзода.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»