Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дӯхти либоси ягонаи мактабӣ дар корхонаҳои саноатии мамлакат бояд ба як миллион адад расонида шавад.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 200 корхонаю коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки 106- тои он ба дӯхтани сару либоси мактабӣ машғул аст. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як миллиону 800 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
То ба имрӯз аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ барои 700 ҳазор нафар либоси ягонаи мактабӣ ба корхонаву коргоҳҳои ватанӣ дархост пешниҳод шудааст.
Ин нукта аз забони иштирокдорони семинар – машварати минтақавии фурӯш ва дӯхти либосҳои мактабӣ, таҳти унвони «Интихоби ман — истеҳсоли ватанӣ», ки чанде пеш аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи дӯзандагии «Шарофат»-и ҶДММ «Даҳбед — Д»-и шаҳри Ҳисор баргузор гардид, садо дод.
Дар машварат роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъ омада буданд.
Қобили зикр аст, ки корхонаи дӯзандагии «Шарофат» дар ду баст беш аз 200 нафарро ба кор ҷалб кардааст. Масъулини корхона дар соли 2016 нақша доранд, ки тибқи дархост барои 59 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор сару либоси ягона омода намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»