Номи ин деҳаро то субҳи 23 январи соли 1989 кам касон шунида буданд. Аммо баъди он субҳи тираи зимистони сард, ки заминларзаи ногаҳонӣ ба сари мардуми деҳа балои азим овард, овозаю воҳимаи он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ИҶШС ва дигар давлатҳои дунё паҳн гардид.
Аз он лаҳзаи мудҳиш 30 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, дар ёди инсонҳо абадӣ монд. Алҳол он деҳаи кӯчак ба шаҳраки калону зебо табдил ёфтааст. Қисмати зерихокмондаи он, ки ҳоло «Мазори шаҳидон» ном дорад, «Осорхонаи кушод» дар рӯйи замин аст.
Шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор дар даврае таъсис ёфт, ки Тоҷикистон дар вазъи ногувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт. Аммо ҳар фарди ватандӯсти сарзамин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ карда, баҳри аз вартаи ҳалокат берун овардани кишвар талош варзиданд.
Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фаъолияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамчун мақомоти худидоркунии шаҳрак ва деҳот қувват гирифта, ободонию созандагӣ суръат гирифт.
Дуюми апрели соли 1993 Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор)-ро дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани «Шарора»-и Шӯрои қишлоқи «Дурбат»-и ноҳияи Ҳисор ва пешниҳоди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ин масъала ба назар гирифта, деҳаи «Шарора»-ро ба категорияи шаҳрак мансуб донист. Ҳамин тариқ, шаҳраки Шарора таъсис ёфт ва деҳаи «Ҷарак» (ҳоло «Сафобахш») ба тобеияти он дода шуд.
Ҳоло Шарора аз 14 маҳалла ва як деҳа иборат буда, беш аз 18 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дар шаҳрак иншооти гуногуни хизматрасониву маишӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи илмии рустанипарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Расадхонаи астрономию физикии (ситорашиносии) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази обу ҳавосанҷӣ, ШММ ШВКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи коркарди «Пахтаи Ҳисор», се корхонаи истеҳсоли хишт, панҷ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткорӣ» ва даҳҳо хоҷагии деҳқонӣ ҷойгир аст. Ҳамчунин, се нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, кӯдакистон, маркази саломатии деҳот, панҷ дорухона, тарабхонаву шумораи зиёди ошхона ва марказҳои савдо, корхонаи пухтупази «Шириниҳо», се нонвойхона, беш аз чил мағозаи маҳсулоти ғизоии ниёзи аввалияи мардум ва саноативу масолеҳи сохтмонӣ, ду дӯкони гӯшт, бозорҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ ва чорво, маркази фарҳангу фароғатӣ, китобхона, масҷиди ҷомеъ, ҳафт масҷиди панҷвақта, варзишгоҳ ва майдони бозиҳои кӯдакона — «Атраксион» дар хизмати мардуманд.
Ҳоло дар маркази шаҳрак биноҳои ду-се ва чорошёна қомат афрохтаанд. Нақлиёти мусофирбар ба мардум дар чор хатсайр — Шарора — Ҳисор, Шарора-Қалъаи Ҳисор, Шарора-Душанбе (то маҳаллаи Политехникум) ва Шарора-Рӯдакӣ (то шоҳроҳи Душанбе-Бохтар) хизмати шабонарӯзӣ мерасонанд. Корхонаю муассиса, ташкилоту хоҷагиҳо солҳои охир дар ҳама самт ба дастовардҳои шоён ноил гардидаанд.
- Аз оғози соли равон ҷамоати шаҳрак мушкилоти мавҷударо дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ ба назар гирифта, нақшаи рафъи онҳоро тарҳрезӣ намуд. Моҳҳои апрел-июни соли ҷорӣ вохӯрии пай дар пайи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ҷамоати шаҳраки Шарора ва масъулони соҳаҳои гуногун, инчунин, ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ самараи нек ба бор оварданд. Бо риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тартиботи ҷамъиятӣ устувор гардид. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони шуъбаи минтақавии ШВКД-и ВКД дар шаҳраки Шарора, раисони маҳаллаҳо ва имом — хатибони масҷидҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонону наврасон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даст задан ба ҷиноят ва беҳудагардӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Бахшида ба ҷашнҳои милливу давлатӣ дар миёни ҷавонон мунтазам чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ доир мегарданд. Натиҷаи онҳо буд, ки шаҳраки Шарора дар мавсими даъвати баҳориву тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ (соли 2019) дар шаҳри Ҳисор аввалин шуда, нақшаи муқарраршударо дар муддати даҳ рӯз иҷро кард, — иброз дошт раиси шаҳраки Шарора Қурбоналӣ Маҳмадализода ва идома дод: — Ҳамчунин, корҳои тарғиботӣ дар миёни аҳолии шаҳрак ҷиҳати бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба китобхонию мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин ҷост, ки сафи обуначиён ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ сол то сол афзуда истодааст. Натиҷаи фаъолияти дурусти мақомоти марбута буд, ки дар 302 ҷашну маъракаи доиргардида, аз ҷумла, 282 тӯйи домодию арӯсӣ, 11 маросими чил ва 9 маросими сол, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд.
Бо дастгирии сокинон ва кумаки соҳибкорон биноҳои баландошёнаи маҳаллаҳои ба номи Домуллоҷонов ва Сино таъмир ва бо ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона кӯчаи марказии шаҳрак пурра ба тартиб дароварда, болопӯши якчанд бинои баландошёна навсозӣ шуд.
Дар робита ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1059 аз 22 майи соли 2018 оид ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори раиси шаҳри Ҳисор гурӯҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки айни замон фаъолияти пурсамар доранд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Шарора бо сарварии муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Аҳмадҷон Исматуллозода аз ҳисоби масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, кормандони Ҷамоати шаҳраки Шарора, сарварони ташкилоту муассисаҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоат дар ҳайати 30 нафар 17 июли соли 2018 гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо таҳия шуд.
Тибқи маълумоти Қурбоналӣ Маҳмадализода, то ҳол дар шаҳрак беш аз 20 ташаббуси созандагӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии истиқлолият ба қайд гирифта шудааст. Масалан, беш аз 15 соҳибкор ҷиҳати азнавсозии бинову иншоот ва ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди иншооти нави хизматрасонӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат кардаанд.
Инчунин, бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаҳои хурди саноатӣ, аз ҷумла, коргоҳи қаннодӣ, дӯзандагӣ, дар назар аст. Ба бунёди корхонаву муассисаҳои хурди соҳаи хизматрасонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. То он замон бояд 37 иншооти гуногун, аз қабили муассисаҳои таълимию тиббӣ, маркази савдою хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона ва кошонаи ҳусн, чойхона, нонвойхона, маркази фарҳангу фароғат, кӯли оббозӣ, толори варзишӣ, нуқтаҳои таъмир ва шустушӯи нақлиёт, сардхонаву гармхона ба истифода дода шавад. Айни замон 10 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, МТМУ №142 барои 640 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи Уртабуз, биноҳои филиали бонк ва шабакаи хизматрасонии «Мегафон» дар кӯчаи Жвания, маркази савдо, сехи дӯзандагӣ, нуқтаи таъмири мошинҳо ва мағозаи молҳои ниёзи аввал дар кӯчаи «Дӯстӣ», чоҳи амудӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби артезианӣ дар кӯчаи Ҷомӣ, корхонаи пахтатозакунӣ дар шафати шоҳроҳи Ҳисор — Рӯдакӣ ва чойхонаи миллӣ дар маҳаллаи Манас ба истифода дода шудааст.
- Дар баробари ин ҳама дастовард дар шаҳрак баъзе аз мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки ба рушди соҳаҳои алоҳида монеа эҷод мекунанд. Куҳнаю фарсуда гаштани шабакаҳои обтаъминкунии маҳаллаҳои ба номи Домуллоҷонов, Сино ва чанд кӯчаву маҳаллаи дигар, чароғону мумфарш кардани қисмати боқимондаи роҳҳои марказ ва кӯчаҳои он аз он ҷумлаанд, ки бо сабаби саҳлангории масъулини баъзе аз идораҳои шаҳрӣ то ба ҳол ҳал нашудаанд. Итминони комил дорем, ки мушкилотро ба зудӣ аз байн мебарем ва шаҳракро беш аз пеш ободу пешрафта мегардонем, — гуфт дар поёни суҳбат Қурбоналӣ Маҳмадализода.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»