Шояд, хонандаи азиз гумон кунад, ки дар сарлавҳа хато рафтаасту зуд аз пайи ислоҳ шавад. Не, ин хато нест, балки дар тамғакоғази шоколади табиӣ ва хушлаззате, ки онро дар минтақаи дурдасти Тоҷикистон — деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон истеҳсол мекунанд, ҳамин ном сабт гардидааст. Вақте ҳамкасби мо Атригул Ризвоншоева моро бо ин ширинӣ зиёфат кард, дар ҳайрат монда, аввал бовар накардем, ки ин маҳсулоти ватанист. Аммо ҳангоми бо тамғакоғази он шинос шудан маълум гардид, ки онро аз меваи тути маҳаллӣ ҶДММ «Тути Помир» истеҳсол мекардааст. «Шелколад» лазиз буда, аз таъсири гармӣ об намешавад.
Дар лаҳзаи баҳраваргардӣ аз ин маҳсулоти ҷолиб журналисти собиқадору пурмаҳсул Муҳиддин Идизода низ ҳозир буд ва нақл кард, ки соли 2001 зимни дар сафари Олмон будан аз фестивали «Ҳафтаи сабз»-и Берлин, ки дар он маҳсулоти хӯрокворӣ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буд, чор пачка шоколад, ки намуди бастааш хеле зебою ҷолиб буд, барои туҳфа гирифтам. Вақте ба меҳмонхона омада, ба шириниҳо бодиққат назар кардам, чашмам ба навиштаи «Made in Tajikistan» афтида, хеле хушҳол шудам. Он аз зардолуи боғоти вилояти Суғд омода гардида буд.
Чунин ҳолат бо муаллифи ин сатрҳо низ панҷ-шаш сол пеш рух дода буд. Барои дидорбинӣ ба Федератсияи Россия рафта будам. Пеш аз бозгашт ба маркази савдое рафта, хостам барои наздиконам ягон туҳфа харидорӣ кунам. Баъд аз ҷустуҷӯи армуғони дастрасу мувофиқ назди як қуттии калоне, ки дар дохили он ҷӯробҳои гуногун мавҷуд буд, омада, ҳангоми кофтукоби зиёд ҷӯроби зебоеро интихоб карда, чор-панҷ дона харидам. Вақте ба Душанбе омада, яке аз онҳоро ба писарам туҳфа кардам, вай баъди лаҳзае гуфт:
- Падар, ин ҷӯробро аз куҷо харидед?
Аз ин суол ҳайрон шуда, ман ҳам бо савол ҷавоб додам:
- Чӣ хел аз куҷо? Аз Нижний Новгород!
Писарам бо табассум туҳфаи овардаамро нишон дода: «Охир, дар он «Made in Yavan» навишта шудагӣ!», — гуфт.
Чунин мисолҳо зиёданд. Худованд ба Тоҷикистони азизи мо неъматҳои фаровон ато кардааст. Аз меваю ангур ва сабзавоти истеҳсолшуда дар шаҳру ноҳияҳо садҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд намудан имконпазир аст. Барои анҷоми ин корҳо тамоми имконоту захираҳо мавҷуданд.
Бесабаб саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эътироф нашудааст. Дар ин замина, мавриди истифода қарор додани коргоҳу корхонаҳои коркарди меваю сабзавот дар ҳар деҳа хеле манфиатовар хоҳад буд. Бад-ин васила, ҳазорҳо нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд, неъматҳои фаровони боғоту киштзорамон талаф намеёбанд ва маҳсулоти табиию фоидаовар пешкаши мардум мегардад. Аз содироти чунин маҳсулот шуҳрати Тоҷикистони азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мегардад.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»