Ваколат ва масъулият

Шиканҷа нисбати инсон дар ягон ҳолат раво нест

№2-3 (3148-3149) 03.01.2014

Шиканҷа вайронкунии ҷиддӣ ва дағалонаи ҳуқуқи инсон буда, тибқи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягон ҳолат бояд истифода нашавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокчии аксарияти санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди шиканҷа мебошад, чӣ дар соҳаи қонунгузорӣ ва чӣ дар соҳаи институтсионалӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Бо мақсади ба меъёрҳои Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқ гардонидани муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он моддаи алоҳидаи 1431 ворид карда шудааст, ки барои истифодаи шиканҷа ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд. Қонунгузории амалкунанда бо мақсади дар он муқаррар намудани кафолатҳое, ки барои пешгирии шиканҷа равона карда шудаанд, пайваста такмил дода мешавад.

Моҳи июни соли 2012 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» қабул гардидааст, ки ба судҳо дар масъалаи татбиқи дурусти қонун, аз ҷумлаи моддаи мазкур тавзеҳоти мушаххас медиҳад.

Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастури илмӣ-методии «Заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа» таҳия шуд.

Соли 2012 дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ Маърӯзаи дуюми даврии ҷумҳурӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ гардид. Ҳамчунин дар ин сол маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷаи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез бо мақсади муайян намудани вазъ дар самти озодӣ аз шиканҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Сохторҳои мазкури СММ оид ба беҳтар намудани вазъ дар самти мазкур, аз ҷумла боз ҳам такмил додани қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод намудаанд. Айни ҳол бо мақсади татбиқи ин тавсияҳо Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, чораҳои дахлдор андешида шуда истодаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки вазифаи асосии он мусоидат ба риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад, дар барҳам додани амалияи истифодаи шиканҷа нақши муассир бозида, бо ин мақсад мусоидат дар риояи ҳуқуқи инсон дар самти озодӣ аз шиканҷаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот арзёбӣ кардааст. Зеро, тавре таҷриба нишон медиҳад, сарфи назар аз он ки баҳри пешгирии шиканҷа чораҳои дахлдор андешида мешаванд, дар таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба муборизаи зидди ҷинояткорӣ машғуланд, баъзан ҳолатҳои истифодаи шиканҷа дида мешавад.

Аз ин ҳолат он парвандаҳои оғозгардида ва дар суд баррасишуда шаҳодат медиҳанд. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, нисбати се нафар кормандони мақомоти милитсия оид ба истифодаи шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд, ки аз ҷониби суд баррасӣ карда, шахсони гунаҳгор ба муҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда Ваколатдор ҳуқуқи гузаронидани санҷиш аз рӯйи муроҷиатҳои шаҳрвандон ва инчунин ташрифи бевоситаи ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятиро доро мебошад.

Бинобар ин, Ваколатдор дар доираи фаъолият дар самти мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ҳар як иттилооти расида ва муроҷиати ба мақомот воридшударо таҳти назорати худ қарор дода, дар доираи салоҳияти худ оид ба санҷиши онҳо чораҳои дахлдор меандешад ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳгор масъала мегузорад. Ҳамин тариқ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон якчанд ҳолатҳои татбиқи шиканҷа зимни дастгиркунӣ ва ҳодисаҳои марг дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз ҷумла ҳодисаҳои марги Б. Шодиев, С. Сангов, И. Бобоев ва дигар ҳолатҳо дар назди мақомоти прокуратура масъалагузорӣ намуда, вобаста ба пешгирии чунин ҳодисаҳо тавсияҳои дахлдор пешниҳод намудааст.

Бояд зикр кард, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Прокуратураи генералӣ ба мувофиқа омаданд, ки дар ин самт дар ҳолатҳои гирифтани иттилоот оид ба шиканҷа дар ҳамбастагӣ кор мекунанд.

Ташрифҳои доимӣ ба ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ яке аз чораҳои самараноки пешгирии шиканҷа мебошад. Бинобар ин, Ваколатдор дар доираи нақшаи корӣ ва ҳангоми зарурат ба чунин муассисаҳо ташрифҳои доимӣ оварда, аз вазъи риояи ҳуқуқи инсон ва шароити нигоҳдории шахсони дар муассисаҳои мазкур нигоҳдошташаванда хабардор мешавад. Аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода соли гузашта аз Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе боздид ба амал овард. Зимни боздид дар ҳуҷраҳое, ки боздоштшудагон нигоҳ дошта мешаванд, бо ҳар яки онҳо ҳамсуҳбат шуда, оид ба муносибати кормандони муассиса нисбати онҳо ва шароити нигоҳдорӣ дар муассиса хабардор шуд.

Инчунин Ваколатдор ва кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 зиёда аз 12 маротиба ба муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақсади санҷиши риояи ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва боздоштшуда ва муносибати кормандони муассисаҳои мазкур бо маҳкумшудагон ташриф оварданд. Соли гузашта тибқи муроҷиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба Тавқифгоҳи тафтишотӣ ва якчанд муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва маҳбаси ЯТ 9/1 ташриф оварда шуд. Аз ҷумла моҳи декабри соли 2013, роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор дар шаҳри Хуҷанд бо боздоштшуда Тоҷиев У., ки дар тавқифгоҳи тафтишотии шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад, вохӯрда, бо ӯ ҳамсуҳбат шуд. Ваҷҳҳои ӯ ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуданд.

Бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шиканҷа дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ дар ин ҷойҳо, таъмини ташрифҳои доимии муассисаҳои мазкур дар назди Ваколатдор гурӯҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла аъзои Эътилофи зидди шиканҷа низ дохил мешаванд. Айни ҳол лоиҳаи Низомнома ва нақшаи гурӯҳ таҳия шудааст ва аз аввали соли ҷорӣ чунин мониторингҳо гузаронида мешаванд.

Ваколатдор ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо шиканҷа диққати махсус зоҳир намуда, барои кормандони ин мақомот семинару тренингҳои омӯзишӣ мегузаронад. Аз ҷумла соли ҷорӣ дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияи Ёвон ва се муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятии дар шаҳри Хуҷанд воқеъбуда аз ҷониби Ваколатдор якҷоя бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон оид ба стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллии муборизаи зидди шиканҷа чунин чорабиниҳо гузаронд. Дар доираи гурӯҳи кории мониторингӣ низ гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муассисаҳо дар назар дошта шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба такмил додани қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар самти мазкур дар маърӯзаҳои ҳарсолаи худ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуда, оид ба пешгирии шиканҷа якҷоя бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Кормандони мақомот дар таҳияи Маърӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа низ иштирок карданд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани тавсияҳои Кумита ва Маърӯзачии вежаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа дар нақшаҳои ҳарсолаи худ чорабиниҳо пешбинӣ намуда, онро бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ мегардонад ва ҳамасола ҷиҳати амалишавии онҳо мониторинги дахлдор мегузаронад.

Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муборизаи зидди шиканҷа чораҳои дахлдори муассир андешида шудаанд ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт вусъат меёбад.

Р.Бадриддинова,

сардори шуъбаи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон