Ширкати олимони тоҷик дар бузургдошти Мир Алишер Навоӣ

№19 (3969) 15.02.2019

ываываЧанде қабл дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ҳамоиши байнамилалӣ таҳти унвони «Нақши мероси Алишери Навоӣ дар таҳаввули маънавият ва маорифи башарӣ» баргузор гардид, ки дар он олимони беш аз 15 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикис­тону Ӯзбекистон, Россия, Ҳоланд, Туркия, Ҳиндус­тон, Афғонистон, Озарбойҷон, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқис­тон, ширкат варзиданд.

Ҷумҳуриро академик Кароматулло Олимов, профессори ДМТ Бадриддин Мақсудов, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабалӣ Хидиров, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, Муътабар Шарифова ва корманди Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Нуъмонҷон Неъматов  намояндагӣ карданд.

Бори сеюм аст ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Мир Алишери Навоӣ дар кишвари  Ӯзбекистон баргузор гардида, нахуст маротиба ҳайат аз кишвар  дар он ширкат намуд.

М. МАҚСУДОВ