Шоми дӯстӣ дар ВМКБ

№84 (3385) 20.06.2015

Дар Боғи фароғатию истироҳатии «Чорбоғ»-и шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар ҷашнгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҷиддин Назришоев ва дигарон иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ  ҷамъомадагонро ба муносибати 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард.

- Дар солҳои 90-уми асри гузашта тоҷиконро душманони миллат ба гирдбоди ҷанг кашиданд. Бо хости Худованд ва иқболи баланди ин мардуми азияткашида фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулият мушкилиҳоро бар дӯш гирифту ба мардум ваъда дод, ки ба ҳар хонадон сулҳ меорад ва ба ваъдааш вафо кард. Халқи тоҷикро бо кӯшиши беандоза маҳз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдати миллӣ расонд. Мо бояд аз сулҳу салоҳи барқароргашта шукргузор бошем, — гуфт Марҳабо Ҷабборӣ.

Шоми дӯстиро барномаи рангини консертӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.

 

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»