Шуғнон. Бунёди иншооти стратегӣ суръат дорад

№ 04.12.2024

ШУГНОН МАШХУРДар ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Ҳукумати кишвар сохтмони  иншооти стратегии мамлакат, аз қабили ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунду Шорфдара ва 4,5 километр роҳу долонҳои зидди тарма (550 метр) дар масири байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулма ба маблағи 342 миллион сомонӣ босуръат ҷараён дорад.

Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, аз теъдоди иншооти мазкур аллакай 152 иншоот бо арзиши 104 млн. сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи чорошёнаи ноҳиявӣ ва сохтумони кӯдакистон дар шаҳраки Ваҳдат ва  деҳоти Навобод идома дорад.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, зимни боздид барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ноҳияи Шуғнон ва сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.

М. ИМОМНАЗАР,

 »Садои мардум»