Шуғнон. Коргоҳҳои хурди саноатӣ зиёд мешаванд

№90 (4352) 06.07.2021

Дар ноҳияи Шуғнон 30 коргоҳи саноатӣ фаъолият карда, ба маблағи 15 миллиону 766,4 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 415,6 ҳазор сомонӣ ё 9,9 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, ҶДММ «Баҳор» ба маблағи 18 500 сомонӣ, «Тути Помир» — 16 ҳазор, корхонаи коркарди ғалла — 2 млн. 268 ҳазор, ҶДММ «Бунёд» — 20 ҳазор ва Неругоҳи барқи обии «Помир -1» 12 млн. 376,9 ҳазор сомонӣ барқ истеҳсол карданд.

- Имсол дар ноҳия бунёди шаш коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ ҷалб мешаванд, — иброз намуд, раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»