Гӯшаи хабарҳои минтақа

Шуғнон: зиёда аз 75 миллион сомонӣ барои рушд

№№ 97 (4517) 05.08.2022

Ноҳияи Шуғнон аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ба минтақаи ободу зебо ва маркази он ба шаҳраки замонавӣ табдил ёфт. Ҳукумати мамлакат барои рушди инфрасохтори ноҳия дар замони соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 75 миллион сомонӣ ҷудо намуда, зиёда аз 600 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.

Дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ як қатор иншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ бо маблағгузориҳои буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон соҳиби бинои нави замонавӣ гардид. Он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Инчунин, дар маркази ноҳия биноҳои «Амонатбонк», шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратура, суд, шуъбаи Раёсати амнияти миллӣ, шуъбаи маориф ва даҳҳо иншооти дигар сохта шуданд.

Дар ҷараёни сафари кории соли 2021 ба ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази он — шаҳраки Ваҳдат майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ба ҷавонону наврасони ноҳия ҳадя шуд.

Тавре раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода иброз намуд, ҳоло дар ноҳия мактаби махсус ва 48 майдончаи хурди варзишӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки он аз 11 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва 13 синфхонаи омӯзишӣ, маҷлисгоҳ барои 25 ҷои нишаст иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимӣ мебошад. Кор дар майдони Парчами давлатӣ низ оғоз ёфта, он дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, лоиҳа бо арзиши 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон маблағгузорӣ мешавад.

- Дар ободонии Ва­тани маҳбуб ва таҳкими истиқлолияту ҳамбастагии миллати бостониамон со­кинони бонангу номус ва сарбаланду заҳматпешаи ноҳия минбаъд низ пеш­сафу намуна хоҳанд буд, — хулоса кард раиси ноҳия.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»