Онҳо аз «Боғҳои Кию» бошукӯҳтаранд
Соли 1757 марди шотландӣ, гиёҳшинос, боғбону гулпарвар Фердинант Кию дар беруни шаҳри Лондон гулбоғе бунёд кард, ки асоси боғдориву гулпарвариро дар Британияи Кабир гузошт. Ҳамин тавр, дар ҳар гӯшаю канори шаҳри Лондон тӯли 250 сол даҳҳо боғи бузургу кӯчаки салтанатӣ бунёд гардид, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Сарпарастии боғҳои салтанатӣ бар дӯши ниҳодҳои махсус аст. Гулбоғҳо дар арзи шимолӣ ва димоғаи Гринвич воқеъ мебошанд. Рӯзҳои офтобӣ дар он 3-4 моҳ аз нимаи дуюми май то охири август давом мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, ходимон гулбоғҳоро тару тоза нигоҳ дошта, кӯшиш менамоянд то гулгашту нишеманҳо ҷаззобу ҷолиб ба чашм расанд.
Тоҷикистон, ки ба истилоҳи ҷуғрофӣ, «Кишвари офтоб», «Кишвари рӯйорӯйи офтоб» ном гирифтааст, бо табиати дилфиребу биҳиштосо, кӯҳсори пур аз ганҷ, обҳои зулолу сарди нуқрафом, арчазору ҷангалзорҳо, гулу бутта ва растаниҳои шифобахш, дили сайёҳонро тасхир кардааст.
Гулбоғҳои шаҳри Душанбе аз боғҳои салтанатии Кию арзишмандтаранд. Дар ҷумҳурӣ 280-300 рӯз офтоб дурахшон аст, ки инро бо забони ҷуғрофия макони «субтропик» мегӯянд. Се фасли пурраи сол табиат Тоҷикистонро гарму нарм ба оғӯш мегирад.
Аз қадим ватани моро соҳаи хеле нодир – гулпарварӣ он қадар машҳур кардааст, ки олимону сайёҳон ва муаррихону ҷуғрофияшиносонро дар ҳайрат мондааст. Муаррихони Руму Юнон ин ҷоро «Эроншаҳр-Ориёи Бузург», «Перси-полис» ва ҷуғрофияшиноси машҳур Ёқути Хумавии Бағдодӣ дар «Мӯъҷам-ул-Булдон» ном асараш ватани гулпарвару накҳатосои тоҷиконро «Хуросони Бузург» ва «Хуррамшаҳр» номидааст.
Сулолаи «Бармакиён» ба шаҳри Балхи Бумӣ омада ба донишу таҷрибаи гулпарварӣ ва боғдории садри аъзами кишвари балхиён аҳсан хондааст.
Дар замони Наср бини Аҳмади Сомонӣ шаҳри Бухоро бо манзараҳои сарсабзу гулбоғҳо унвони «Қубат — ул — ислом»-ро гирифт. Ду шаҳри бузург ва фарҳангии тоҷикон - Балху Бағдод низ ба ин номи фахрӣ соҳиб будаанд.
Муаррихи барҷастаи тоҷик Муҳаммад Наршахӣ дар асараш — «Таърихи Бухоро» менависад: «Шаҳри Бухоро бо растаҳои атрофаш, ҷӯю рӯдхонаҳо, боғоту киштзорҳои сарсабз, гулбоғҳо, ҳавзу нишеманҳо дорад, ки то масофаи 70 фарсанг тӯл мекашад».
Дар давраи шоҳаншоҳии «Сосониён» Бағдодро Хусрави I, ки бо номи Анушервони Одил маъруфу машҳур аст, солҳои 531-579 мелодӣ ба «боғи дод» табдил дод. Бағдод вожаи форсӣ-тоҷикист. Ин шаҳр манзараю киштзорҳои сарсабз дошт. Шоҳ Хусрав ба сайру саёҳат омада, дар он ҷо бо мардум мулоқоту вохӯрӣ мекард, ба додашон мерасид. Ин далел, аз як тараф, раъиятпарвар будани шоҳро нишон диҳад, аз тарафи дигар, санъати қадими боғдорию гулпарварии тоҷиконро ифода мекунад. Аз ин ҷо боғи доду адолати шоҳ, яъне «Боғи дод» ном гирифт.
Шаҳри Бағдод дар лаби рӯдхонаи Даҷла бунёд ёфтааст. Дар давраи салтанати «Бармакиён» онро зиёда аз 360 гулбоғу гулгашт ҳусн мебахшид.
Вазири аъзами халифа Ҳорунаррашид Яҳёи Бармакӣ бо бародаронаш Ҷаъфару Холид гулпарвар буданд. Онҳо гулгашту гулбоғ, фаввораю нишеман сохта, дар байни гулкорону боғдорон соҳиби мақому мартабаи баланд буданд.
«Қубат-ул-тоҷикон» — нигини тоҷи тоҷикони ҷаҳон – Бухоро бо гулгашту боғҳои дилкушо, гулбоғҳои ороста ҷои сайру саёҳат ва истироҳати мардум буд.
Тоҷикон аз қадим табиатрову гулрову боғро дӯст медоштанд. Гул хосияти фараҳбахшӣ дорад. Аз ин лиҳоз гулкорон соҳиби марҳамат буданду мавриди лутф қарор доштанд.
Соли 1972 корманди пажӯҳишгоҳи Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ Фёдор Ушкалов китоб — албоми «Гулҳои Тоҷикистон»-ро тартиб ва дар бораи 130 навъи гул маълумоти арзишманд дода, гулҳои садбаргро гурӯҳбандӣ карда, навъҳои гуногун доштани ин «маликаи гулҳо»-ро нишон додааст.
Аз рӯйи гурӯҳбандии Фёдор Иванович садбарг чунин навъҳо дорад: атргул, гули роз, гули Пуна, гули Марям, садбарги зарди форсӣ, «Димишқ», гули шом, гулҳои Армач, Пигал, Офегия, сепгер, хизмеҷестӣ, эдел, Кловели Ноз, ки аксарияти онҳо дар «Боғи ботаникӣ» парвариш ёфта, шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва аз фарҳанги волои гулпарварии тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд.
Акнун, шаҳри дилорои Душанбе чор фасли сол пироҳани рангин ба бар дорад. Хиёбону гулгаштҳои тару тоза, бӯйи гулу райҳон, накҳату таровати гулгаштҳои чаманосо ба кас рӯҳу илҳом бахшида, боз як саҳифаи таърихи гулпарварии тоҷиконро равшан месозанд.
Гулбоғи «Устод Рӯдакӣ», «Боғи Ирам», «Боғи Фирдавсӣ», «Боғи Ғалаба», «Боғи Айнӣ», гулгашту нишеманҳои Лучоб ва даҳҳо хиёбону гулгашти дигар зиннатбахши пойтахти кишвар мебошанд. Гулгашту нишеманҳои навбунёди фарҳангию фароғатии Боғи Парчами миллӣ ва Боғи пойтахт, ки бо тарроҳӣ ва меъморӣ аз дигар боғҳо фарқ мекунанд, бо ҳусни мунаққаш оро ёфта, нодиртарин гулҳо дар онҳо парвариш меёбанд.
Таҷрибаи гулпарварии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар боду ҳавои Душанбе гулбуттаю бехниҳолҳои шукуфон умри дароз дида, рушд меёбанд. Хиёбону гулгашт, гулбоғҳои бо тарҳҳои ҷаззоб зиннатёфта фазоро муаттар гардонида, сафобахши субҳу шоми Душанбеанд.
Шукри соҳибистиқлолӣ, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари аз ҷиҳати сайёҳӣ амни дунё дар қатори 5 давлати беҳтарин қарор дошта, бо табиати рангин, боғу гулгашт ва гулбоғҳои ороста макони сайру саёҳат гардидааст. Он рӯз дур нест, ки Душанбе ба бузургтарин шаҳри туристии дунё низ табдил ёбад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
Исматуллоҳи ЯҚУБ