Шукронаи сулҳу ваҳдат намоем

№69 (3215) 26.06.2014

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳабдаҳ  сол  сипарӣ шуд. Расидан ба Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, аз муттаҳидӣ ва боло гирифтани ақлу хиради солим гувоҳӣ медод. Яъне, иттиҳодӣ ва афкори сулҳхоҳонаи халқ буд, ки тоҷикон ба хотири пойдор мондани миллат ба  муноқишаҳои дохилӣ хотима бахшиданд ва кинаву кудуратро аз дилҳо дур карданд. Миллат бо гузоштани пойдевори сулҳ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд.

Роҳҳои беҳтарини расидан ба сулҳу субот ва муросову таҳаммулгароӣ дар осори адибони гузаштаву имрӯзамон ба хубӣ инъикос ёфтааст.

Масалан, Хоҷа Ҳофиз дар яке аз ғазалҳояш бо лаҳни шево ба инсоният панд медиҳад, ки бо дӯстон мурувват ва бо душманон муросо варзидан аз шартҳои асосии оромии башар аст:

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,

Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.

Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,

Гар ту намеписандӣ, тағйир деҳ қазоро.

Имрӯз авзои сайёра ба ҳамагон равшан аст. Дар ноором сохтани суботи давлатҳои соҳибистиқлол бештар таъсири гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ё кишварҳои алоҳида баръало эҳсос мешавад. Онҳо аз ҷониби доираҳои муайян ва аз номи дини мубини Ислом баромад карда, ба бадномкунии мусулмонон мепардозанд. Маҳз атрофи ин масъала, дувоздаҳ сол муқаддам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин гуфта буд:

«Имрӯз дини мубини Исломро, ки аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба василаи тарс додани башарият табдил дода истодаанд. Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Бинобар ин, кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани Ислом ва мардуми мусулмон, инчунин ба ҳар гуна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯйи адлу инсоф нест. Фаромӯш набояд кард, ки Ислом як сарчашмаи мусаффои афкору ахлоқ аст ва аз пайвастани дин бо сиёсат ҷанбаи баланди сулҳпарварона ва инсондӯстонаи он коста мегардад».

Салом кардан ва ба дигарон сулҳ хостан некутарин кирдорест, ки дар Ислом анҷом дода мешавад. Дар ҳақиқат, вақте ки аз Пайғамбари  мо Муҳаммад (с)  пурсиданд: некутарин кирдор дар Ислом кадом аст? Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Таъом додан ба дигарон ва салом додан ба ҳама».

Сарвари давлат дар баромадҳои худ пайваста зикр менамояд, ки мову шумо бояд Ватани худро дӯст дорем, ба қадри Тоҷикистони азиз бирасем ва шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва Ваҳдати миллиро намоем.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки маҳз тавассути ваҳдат ва сулҳу субот ҷомеаи шаҳрвандӣ  пайи созандагию бунёдкории Ватан камари ҳиммат бастааст.

Х.АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»