Шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ дар Истаравшан афзуд

№66-67 (4649-4650) 19.05.2023

1Дар шаҳри Истаравшан 77 корхонаи калону хурди истеҳсолӣ фаъолият мебарад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27-то зиёд мебошад. Дар онҳо истеҳсоли моеи хунуккунанда, маҳсулоти дӯзандагӣ,  равғани растанӣ, мебел  ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Дар  асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ташкили 60 корхонаи калон ва хурду миёна ва дар 5 соли минбаъда фароҳамсозии 1000 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба 176 млн. 511,7 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 млн. 932 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 125,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 29 корхонаи саноатии истеҳсолӣ нақшаро иҷро карда, 11 корхона тибқи уҳдадории қабулнамуда истеҳсолро зиёд гардониданд.

Комрони АСЛОН,

 «Садои мардум»