Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Симчӯбҳои фарсударо кӣ бояд иваз кунад?»

№130 (4392) 19.10.2021

Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб мақолаи хабарнигорон – Абдухолиқ Мирзозода ва Нурулло Ҳасановро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 24 апрели соли 2021 таҳти №54-55, «Симчӯбҳои фарсударо кӣ бояд иваз кунад?» ба чоп расид, мавриди баррасӣ қарор дод.

 Дар он омадааст, ки «то ҳол дар минтақа 350 симчӯби фарсуда ба пояҳои бетонӣ иваз гардид». Воқеан, теъдоди симчӯбҳои ивазшуда ба 456 адад мерасад.

Бояд зикр кард, ки таъминоти симчӯбҳо тавассути сохтори болоии роҳбарикунандаи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» сурат мегирад.

Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб барои таъмини симчӯбҳо муроҷиат намудааст. Дар сурати таъминот филиал симчӯбҳоро иваз хоҳад кард.

Ғ. МАҲМУРОДЗОДА,

роҳбари филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб

P.S. Сардори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб посухро ба мақолаи зикршуда якпаҳлу, бо дермонӣ ва аз айбҷӯйӣ оғоз кардааст: «Теъдоди иваз кардани симчӯбҳо дар минтақа на 350, балки 456 ададро ташкил медиҳад». Аз моҳи апрел то сентябр дар минтақаи калон, ки мавриди интиқод қарор гирифтааст, сад адад симчӯбро иваз накунанд, пас дигар чӣ кор мекунанд? Ҳол он ки дар мақола сухан бештар дар бораи ба роҳ мондани истеҳсоли симчӯбҳо дар минтақаҳо ва роҳи дигари осон дастрас кардани онҳо барои истифодабарандагони маишии қувваи барқ меравад. Ин проблема боис ба таваҷҷуҳ ва нигаронии мардуми одӣ гардидаасту аз масъулони соҳа не. Кор ба ҷое расидааст, ки шаҳрванд бо ариза ҳам симчӯбро дастрас карда наметавонад.

Мегӯем, ки мо нисбат ба қувваи барқ муносибати бехавф ва эҳтиёткорона дорем. Пас ба симчӯбҳои фарсудае, ки даҳ метр баландӣ доранд, кӣ дар вақтҳои зарурӣ қудрати баромадан ва васл кардани ноқилҳоро дорад? Муштарӣ роҳи дастрас кардани онро аз куҷо ёбад?

Бо он ки даст болои даст монда интизор шавем, ки кай сохтори болоии роҳбарикунанда ба мо симчӯб равон мекунад, проблема ҳал намешавад. Роҳи дигари ҳалли масъаларо бояд ҷуст. Мо дар асри фанноварӣ ва технология зиндагӣ мекунем.

Пӯсткандаи гап он аст, ки роҳбарон дар татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» камҳавсалагӣ мекунанд.