Дар ноҳияи Рашт корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб карда, пайи ҳам қомат афрохтани биноҳои хуштарҳи замонавӣ босуръат идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтани 307 иншоот дар назар аст. Аз ин шумора 39 иншоот ба соҳаи маориф, 15 — тандурустӣ, 10 — фарҳанг, 34 — варзиш ва 69 иншоот ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тааллуқ дорад. Инчунин, татбиқи 17 лоиҳаи бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 4 бинои маъмурию истиқоматӣ, 18 лоиҳаи таъмир ва мумфарш кардани роҳҳо, 36 хати оби нӯшокӣ ва чоҳи амудӣ, 6 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 5 барқтаъминкунӣ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 фермаи мурғпарварию чорводорӣ, 2 сардхона ва 33 иншооти дигар дар бахши хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз 129 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 146 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»