Имсол Артиши миллии мо 31-сола шуд. Артише, ки 31 сол муқаддам дар зери як хайма онро бидуни ягон заминаи моддию техникӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис доданд.
Роҳе, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар 31 сол тай кард, тахту ҳамвор набуд, зеро замоне ки он таъсис ёфт, кишвар дар вазъияти бади сиёсию иқтисодӣ қарор дошт. Набудани шароит ва имконоти молиявию техникӣ, инчунин, мушкилоти дигари амниятию ҳарбӣ шаҳрвандони кишварро дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор дода буд, аммо нияти неку азми қавӣ ва иродаи мустаҳками Роҳбари дар он замон ҷавони давлат қадам ба қадам онро ба як артиши аз ҳама лиҳоз таъмин табдил дод ва имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол Қувваҳои Мусаллаҳро бо ифтихор «Сипари боэътимоди Ватан» медонанд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода бо мо суҳбатро аз ёдоварӣ аз таърихи таъсиси Артиши миллӣ оғоз кард. Бино ба гуфти ӯ, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд, вале барои бунёди он ягон заминаи моддию техникӣ вуҷуд надошт ва Артиши миллӣ аз сифр бунёд карда шуд.
23-юми феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахти кишвар нахустин паради ҳарбӣ бо иштироки ҷузъу томи гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Дар он солҳо новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизматию маишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ мекарданд.
Мусаллам аст, ки барои ташаккул ёфтани дилхоҳ соҳа вақти зиёд лозим мешавад. Аз ҷумла, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ марҳилаҳои зиёди рушдро тай карда, давра ба давра камол ёфт. Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи асосиро пушти сар намудааст. Давраи аввал ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаю идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт. Давраи дуюм марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад.
Давраи сеюм ва асосӣ бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, бо назардошти пешрафти ҷомеаи муосир ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам ҷараён дорад. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллии мамлакат се навъи қӯшун — қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои хушкигард ва қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ аз нахустин неруи мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, соли 1993 таъсис ёфтааст ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 таъсис ёфта, то муттаҳид гардондан бо қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона фаъолият менамуд.
Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ якҷо ва ба як навъи қӯшун табдил дода шуданд.
Раёсати қӯшунҳои хушкигард моҳи июни соли 1997 ташкил ёфта, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад.
Қӯшунҳои зудамал аз ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб ёфта, моҳи сентябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин навъи қӯшун дар доираи ислоҳоту навсозӣ дар Артиши миллӣ бе зиёд намудани шумораи умумии Қувваҳои Мусаллаҳ ва аз ҳисоби бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ, баталиони сулҳҷӯёна, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои низомии таъйиноти махсус ва як қатор ҷузъу томи фаврӣ бунёд гардидааст.
Ба ғайр аз се навъи қӯшуни Артиши миллӣ, инчунин, дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, донишкадаву литсейи ҳарбӣ, полки таъминотӣ ва идоракунӣ, полки муҳандисӣ-сапёрӣ, баталиони алоҳидаи ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ, баталиони сохтмонӣ, госпиталҳои ҳарбӣ, қисмҳои низомии таъминотӣ, кафедраҳои ҳарбии назди донишгоҳу донишкадаҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар идораҳои низомӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба хусусияти таъсис ва ҳадафу вазифаҳои таъйиноташон уҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд.
Дар соҳаҳое, ки низоми махсуси фаъолият ҷорист, таъминоти шароити хизматию маишӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва зимни таъсису бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томи Артиши миллӣ дар пойгоҳҳои корхонаю идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таъйиноташон гуногун ташкил гардида буданд.
Дар давоми 31 соли рушду нумуи Артиши миллӣ маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, Хоруғ, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ садҳо бинои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбию автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва бо меъёри ҳарбию талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки танҳо дар давоми се соли охир наздик ба 500 биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта бунёду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ташкили машқгоҳу марказҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити ҳозиразамони ҳарбӣ дар онҳо имконият медиҳад, ки на танҳо ҷузъу томи тобеи Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар низ аз он самаранок истифода баранд, дар баробари дигар чорабиниҳои нақшавӣ, санҷиши техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Масъалаи муҳими дигар вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Маълум аст, ки ҳамасола барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ зоҳир карда мешавад. Чунончи, дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба тасвиб расидааст. Тибқи талаботи қонуни зикргардида ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ як қатор имтиёз пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, пешниҳоди 50 дарсади маблағ барои истифодабарии об, хизматрасонии коммуналӣ, пардохти иҷорапулӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ба осоишгоҳҳо равон намудани онҳо, ҷалби фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ба фароғатгоҳҳои кӯдакона, ташкили ярмаркаи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ба табобат ва таъмини дорувории ройгон фаро гирифтани хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо молу амволи шайъӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтани биноҳои истиқоматӣ, ҳамзамон, тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ба таври ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар партави таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон дар Қувваҳои Мусаллаҳ корҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Илова бар ин, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида дар иду ҷашнҳо доимо мавриди кумаку дастгирӣ қарор мегиранд.
Дар давоми ин солҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиаи мамлакат наздик ба 600 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо бо манзили зист таъмин шудаанд.
Дар баробари имтиёзҳои зикргардида, ҳамчунин, баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ яке аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳамасола амалӣ карда мешавад. Дар робита ба ин, зимни ироаи паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се соли охир музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, дар маҷмӯъ, 90 фоиз зиёд карда шудааст.
Воқеан, сол то сол хуб шудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ боис ба таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин соҳаи муҳими давлатдорӣ гардидааст. Имрӯзҳо ҷавонони зиёде дар дохилу хориҷи кишвар дар ихтисосҳои гуногуни соҳаҳои ҳарбӣ таҳсил намуда, сафи Артиши миллиро пурра мегардонанд. Сафи Артиши миллӣ асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияю омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ба мо дӯсту ҳампаймон бо афсарони касбӣ пурра гардонда мешаванд. Аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола онро аз рӯйи 18 ихтисос курсантон хатм менамоянд, то ин дам зиёда аз 4 ҳазор нафар афсарони касбӣ ба ҳайати ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.
Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонда шаванд. Кишвари мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо эълон намудани сиёсати «дарҳои кушода» дар ҳамаи бахшҳо бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар соҳаи ҳарбӣ низ чунин ҳамкориҳо сол ба сол густариш меёбанд.
Тавре аз гуфтаҳои Фаридун Маҳмадализода бармеояд, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ин солҳо ривоҷу равнақ ёфта, айни замон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар самту соҳаҳои гуногун ба роҳ мондааст.
Дарвоқеъ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як рукни асосии давлати миллӣ дар 31 соли фаъолият аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта, ҳамчун як артиши пурқуввате, ки дар баробари хавфу хатарҳои замони муосир истодагарӣ карда метавонад, ташаккул ёфт. Имрӯз ҳар ваҷаб хоки кишвари соҳибистиқлоли мо зери ҳимояи афсарону аскарони шуҷои Ватан қарор дорад. Таманно дорем, ки Тоҷикистони азиз зери ҳимояи Артиши миллӣ чун ҳомии боэътимоди Ватан ва истиқлолияти давлатӣ то абад поянда бошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»