Ситораи осмони Рашт

№125 (3919) 16.10.2018

DSC_2067Соли сеюм аст, ки мардуми деҳаҳои Кочун, Ҳалқарф, Ғарми Боло, Кулло, Қалъаи Шайх, Нав­дӣ, Нишириён, Кочони Боло, Кочони Поён ва Бедаки ноҳияи Рашт барои ба номи Заровуддин Бақоев номгузорӣ кардани Ҷамоати деҳоти «Навдӣ» талош доранд. Бо ин мақсад аз даҳ деҳа даҳ протокол ва қарорҳои маҷлиси Ҷамоати деҳоти «Навдӣ» омодаанд, аммо…

Тавре ҳолдонҳо мегӯянд, Заровуддин Бақоев шахсияти барҷаста буд. Меарзид, ки заҳматҳои ӯ, хусусан дар бахши боғпарварӣ ба чанд орден қадр мегардид. Вале он замон дигар буд. Мукофотҳо дар навбати аввал ба пахтакорони пешқадам, механизаторон ва каму беш ба ширдӯшон насиб мегардиданд. Ба боғпарварӣ эътибор камтар буд.

Алҳол аз он замон аз замин то осмон фарқ аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафару суханрониҳояшон боғпарвариро яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ мешуморанд ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳатман бо боғдорон вохӯрда, ба заҳмати онҳо арҷ мегузоранд. Месазад гуфт, шахсеро, ки дар борааш сухан оғоз кардем, дар ин соҳа корҳои бузург ба анҷом расонидааст. Пас, оё талаби мардум оид ба номгузорӣ кардани Ҷамоати деҳоти «Навдӣ» ба исми Заровуддин Бақоев ҳамоҳанги амру нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нест?

Заровуддин Бақоев замоне сарварии хоҷагии боғдории ба номи Ҷаббор Расуловро ба уҳда дошт, ситораи тобоне буд дар осмони Рашт. Қабл аз ин дар вазифаи роҳбари соҳаи механизатсияи хоҷагии кишоварзии ноҳия кор мекард. Ӯ муҳандис, деҳқони варзида ва  рӯҳшинос буд. Афкори ҳар як сокини ҷамоатро на камтар аз онҳо дарк мекард. Ба ҳар як коргар мувофиқи қобилият, касбу ҳунар, шавқу завқ кор меёфт, то соҳибкасб ба камол расад. Бригадаи бинокорӣ ва ободонии ӯ аз намояндагони ҳама деҳа фароҳам омада буд. Бригадаҳои боғдорӣ, ниҳолпарварӣ, чорводорӣ ва зироаткориаш низ. Умуман, хоҷагӣ (совхоз)-и ба номи Ҷ. Расулов, ки ӯ роҳбарӣ мекард, дар водии Рашт пешрафтатарин ба шумор мерафт. Номи роҳбари он дар анҷуману ҷамъомаду чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар қатори хоҷагидорони овозадори ҷумҳурӣ Миралӣ Маҳмадалев, Абдуғаффор Самадов, Анвар Қаландаров ва Садриддин Талбаков зикр мешуд. Аз фаъолияти хоҷагӣ мунтазам барномаҳои телевизионӣ таҳия карда, намоиш медоданд. Дар рӯзномаҳои даврии ҷумҳурӣ ҳам доир ба кору зиндагии вай хабару мақола, лавҳа ва очеркҳо ба чоп мерасиданд. Хусусан, агар бастаи рӯзномаҳои солҳои 1973 – 1984-ро варақгардон кунем, матлабҳо хеле зиёданд.

Котиби аввали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ҳангоми яке аз сафарҳо ба ноҳияи Рашт бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуда, ба ҳамроҳон мегӯяд:

-Ба ростӣ, ман ба ақлу заковат, меҳнати пурмаҳсули З. Бақоев офарин мегӯям. Дурандешию ба манфиати ҷамъият истифода кардани талу теппа, фарозию доманакӯҳҳо ва онҳоро ба боғистон табдил додани ӯро қаҳрамонӣ меҳисобам.

Дарвоқеъ, З. Бақоев дар соҳаи боғпарварӣ таҳаввулоти илмию таҷрибавӣ ворид кард. Бо роҳбарии ӯ хоҷагӣ  на танҳо дар ноҳия, балки дар ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ номдор гардид.

Пас аз як моҳи сафари Ҷаббор Расулов Заровуддин кореро анҷом дод, ки дар хотири мардум ҷовид нақш баст. Ӯ дар таҳхонаи калони бинои маъмурии хоҷагӣ ташкили коргоҳи пайвандро ба нақша гирифт ва то охир амалӣ намуд. Дар коргоҳи нав коргарон аз замин ниҳолҳои аз тухм рустаро канда, ба қуттиҳои калони пури тарошаи аз дарахт ҳосилшуда, хок ва реги мулоим гузошта, ба коргоҳи ниҳолпайвандкунӣ меоварданд. Шумораи ниҳолҳо аз 25 ҳазор кам набуд.

Аз маҳалҳо 250 нафар ба коргоҳ меомаданд. То фарорасии киштукор ба пайванди ниҳолҳо машғул мешуданд ва маоши калон мегирифтанд.

Ҳамчунин, бунёди яхдони бузурги нигоҳдории маҳсулоти боғҳоро андеша кард. Ба ин мақсад Заровуддин Бақоев ғореро, ки дар паси теппаҳои деҳаи Бедак ва Кочун воқеъ асту баландиаш 15 – 20 метр ва масоҳаташ зиёда аз 1,5  ҳазор метри мураббаъ, иборат аст, метавон пеши назар овард. Баъдан, дар он ҷо барои сохтмон швелеру арматура сарф намуд ва яхдонро ба истифода дод.

Ба қавли мардуми бумӣ, номгузорӣ шудани ҷамоат  ба номи З. Бақоев ҳамеша одамонро ба некукорию ободонӣ, зиндагии пурмаҳсули бо меҳнати ҳалол, ҳидоят менамояд.

Фаршед МАРДОНӢ