Сиёсинамоии журналистика ва таъмини амнияти иттилоотӣ

№77 (4497) 21.06.2022

Чаро баъзеҳо аз омили аввал барои ҷанбаи дуюм монеа месозанд?

full_dbGCToKqШоҳиди ҳол ҳастем, ки баъд аз рӯи кор омадани шабакаҳои иҷтимоӣ моҳияти таъиноти журналистика то андозае тағйир ёфта, имкони суиистифода гардидани ин касб афзудааст.

Вақтҳои охир бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона бештар аз расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода мебаранд. Ин бесабаб нест, чунки дар марҳилаи кунунӣ таъсири ВАО тамоюли афзоишро касб намуда, дар заминаи рушди интернет шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз пеш таъсиргузоранд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки поварақи матолиби баъзе аз расонаҳо, хоса воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои фейсбукию ютубие, ки ҳангомасозӣ дар онҳо меҳвар аст, ба майдони мубоҳиса табдил ёфтаанд. Мутаассифона, дар ин раванд аксар маврид назокату одоби баҳс сарфи назар шуда, моҳияти сиёсӣ касб менамоянд.

Ҳар яки мо муваззафем, ки дар доираи имконоти зеҳнӣ ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ посухи муносиб диҳем. Агар ба чунин таҳоҷум филфавр вокуниш накунем, пайомадҳои ногувор хоҳад дошт. Аҳли ҷомеа бояд дарк кунанд, ки на ҳар нафари дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол журналист аст. Дар баъзе маврид ин қабил бо навиштаҳои сатҳӣ заъфи журналистикаро ба маъраз мегузоранд.

 Масъулини воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки манфиатҳои миллиро болотар аз дигар масъалаҳои моҳияти шахсиву гурӯҳидошта гузоранд. Зеро далелҳое мавҷуданд, ки нашру пахши чунин матлаб ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ расонидаанд. Ҳарчанд беасос будани онҳо бо истинод ба далелу рақам собит гардад ҳам, вале таъсири манфӣ дар афкори як қисми шаҳрвандон боқӣ мемонад.

Далелҳо ҳокианд, ки журналистикаи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, воқеан, таҳаввул ёфта, ба журналистикаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тақсим шуд.

 Агар ба таърихи начандон дур мутаваҷҷеҳ шавем, маълум мегардад, ки дар замони шӯравӣ журналистика танҳо барои ташвиқи сиёсати ҳизби ҳоким равона мешуд. Пажӯҳишгарон низ эътироф кардаанд, ки дар даврони шӯравӣ мафҳуми «матбуоти ҳизбӣ» ва ё «матбуоти сиёсӣ» маъмул буд.

Соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ ва торафт маъмул гардидани технологияҳои ҷадиди иттилоотӣ дар фаъолияти журналистон ҷанбаҳои мусбатро рӯи кор овард. Таъсири мусбати ин навъ технологияро ба тавсеаи фаъолияти журналистон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон сарфи назар намуд. Натиҷаҳои ин раванд барои ҳама ҳувайдо буда, омили асосии ба силоҳи муқтадири мубориза табдил ёфтани воситаҳои ахбори омма низ ҳамин маҳсуб мешавад.

Бегуфтугӯ, заминаи ҳуқуқӣ асоси рушду тавсеаи дилхоҳ бахш ба ҳисоб меравад. Агар гӯем, ки заминаи ҳуқуқии ин соҳа ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули субъектҳои ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ мукаммал аст, муболиға нахоҳад буд. Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст.

 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идомаи мантиқии ибтикори дар ин самт амалигардида маҳсуб шуда, вобаста ба тақозои замон ин раванд муттасил хоҳад буд.

Дарк менамоем, ки ифшои камбудиҳо яке аз рисолатҳои журналистика аст, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки муносибат ба инъикоси дастоварду пешравиҳо дуюмдараҷа бошад.

Як идда ба он назаранд, ки сиёсинамоии журналистика маҳсули нооромиву ҳамдигарнофаҳмӣ, хоса ҷангҳои шаҳрвандӣ, аст. Ин тахайюли онҳое мебошад, ки ҳавасманди нооромиву тафриқаандозӣ мебошанд. Журналистикаи сиёсӣ дар ҳар давру замон ва дар муҳити мухталиф метавонад тавсеа ёбад. Дар робита ба ҳаводиси охири олам метавонем Федератсияи Россияро мисол орем. Дар он ҷанги шаҳрвандӣ рух надодааст, вале сиёсинамоии журналистика барҷаста буда, ҳатто аз лиҳози мазмун ва мундариҷа пешрафтатарин ба шумор меравад.

Ҳадаф аз сиёсинамоии журналистика ба ҳеҷ ваҷҳ ноором намудани авзои ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои муғризона нест. Бахусус, дар замоне ки ҷангҳои иттилоотӣ шиддат гирифта истодаанд, ин бахши журналистика дар самти дифоъ аз арзишҳои давлатӣ ва милливу маънавӣ бояд фаъолияти назаррас дошта бошад. Инчунин, аҳли қалами кишвар дар пешорӯйи паҳн намудани маълумоти ғаразноку таҳқир­омез, ки ба хотири паст намудани иродаи сиёсӣ ва азму субот, инчунин расидан ба иззати нафси мардум ва миллат паҳн карда мешаванд, хомӯшӣ ихтиёр накунанд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти иттилоотӣ ҷиҳати ­ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.

Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа, хизмат кунанд. Зеро, тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба воситаҳои ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад.

Ба ибораи дигар, бидуни омезиши журналис­тика бо сиёсат муаррифӣ, ташвиқ ва татбиқи сиё­сати миллӣ имконнопазир аст. Тавре мушоҳида мекунем, ҷангҳои иттилоотӣ, ки ҳадди ниҳоии сиёсинамоии журналистика ва ба афсарони иттилоотӣ табдил додани журналистон маҳсуб мешавад, беш аз пеш авҷ гирифтааст. Дар ин раванд расидан ба мақсад ва дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ кардани фаъолият бидуни қаробати журналист ва сиёсат ғайриимкон аст. Бояд мадди назар дошт, ки ба ин ҳарбгоҳ сафарбар шудани журналистони камтаҷриба ва ноогоҳ пайомади ногувор ба бор меорад. Бегуфтугӯ, дар даргириҳои фикрӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ журналистоне комёбанд, ки ба манфиати милливу давлатӣ содиқу арҷгузоранду аз таърихи миллат огоҳ.

Мутаассифона, дар аксар маврид баъзе аз журналистони соҳибтаҷриба ва соҳибмактаб дар муҳорибаҳои иттилоотӣ бетараф ҳастанд. Ҳол он ки ба ин масъала муносибати сатҳӣ ҳаргиз қобили қабул нест. Хоса, дар шароите ки таъмини амнияти иттилоотӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дошта, бидуни мавҷудияти амнияти иттилоотӣ таъмини амнияти миллӣ низ имконнопазир аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»