Соҳаи боғдорӣ рушд мекунад

№92 (4198) 31.07.2020

БогДеҳқонони ноҳияи Ванҷ дар доманакӯҳҳо ва дигар қитъаҳо зиёда аз 12 га боғҳои нав бунёд намудаанд. 

Боғҳои интенсивӣ, ки 1,67 гектарро ташкил медиҳанд, нисбат ба боғҳои муқаррарӣ дар шароити камзаминии вилоят бештар самароваранд.

Агар дар як гектар боғи муқаррарӣ 400-500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шавад, дар боғи интенсивӣ аз 2500 то 5000 бех ниҳол шинонидан мумкин аст. Ҳосилнокиашон низ нисбат ба боғҳои муқаррарӣ аз 6 то 10 маротиба зиёд мебошад.

Иқлими ноҳия барои соҳаи боғдорӣ қулай аст. Дар ин ҷо ҳама намуди ниҳолҳои бороварро метавон парвариш намуд.

Аҳолӣ дар баробари истифодаи меваҳои тару тоза боз онҳоро хушконида, барои тирамоҳу зимистон захира менамоянд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, 

«Садои мардум»