Соҳибэҳтиром

№79 (3380) 10.06.2015

Дар оила онҳо ду нафар буданд. Ҳангоми хурдсолии акаю хоҳар модарашон апаи Одинагул аз олам даргузашт. Бозор ин ду тифлакашро ба камол расонида, мактабрав кард. Амирхон пас аз хатми мактаб ба сафи артиш даъват мешавад. Бо ифтихорномаҳо ба деҳаи Деҳлоло баргашт. Меҳри касби ронандагӣ дар дилаш ҷой, ки дошт, ба шаҳри Душанбе рафт. Мактаби ронандагиро ба итмом расонида, ба совхози «Мӯъминобод» ба кор омад. Бовар карда, ба ӯ мошини боркашониро доданд. Хоҷагӣ чор участка дошт ва аз совхозҳои пешқадами ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Дар ин дастовардҳо ҳамаи 60 нафар ронандагони парк, аз ҷумла Амирхон Бозоров, Бозор Абдураҳмонов, Нур Сафаров, Мадихон Ҷамшедов ҳиссаи шоиста мегузоштанд. Маҳз онҳо ба фермаю анборҳо аз Душанбею Кӯлоб,  Ваҳдату Қӯрғонтеппа хӯроки чорво, масолеҳи сохтмонӣ мекашониданд. Корашон субҳи содиқ оғоз гашта, то шаб идома меёфт. Лозим меомад, рӯзҳои истироҳат низ кор мекарданд. Махсусан вақти корҳои саҳроӣ акаи Амирхон бо ҳамроҳонаш хобу қарор надоштанд. Супоришҳоро сари вақт иҷро мекард. Медали «100- солагии Ленин», ифтихорномаҳои зиёд, се нишони ғолиби мусобиқа аз заҳматҳои ин марди ҳунар гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҷамъомаду тантанаҳо ҳамеша дар тавсифи ӯ сухан мегуфтанд. Борҳо вакили конфронсу анҷуманҳо интихоб гардидааст. 36 сол бошарафона фаъолият кард.

Имрӯз ин марди соҳибобрӯ давлати пирӣ меронад, хеле бардаму ҷавон менамояд. Бо ҳамсари меҳрубонаш нуҳ нафар фарзандонро ба воя расонданд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолияти густурда доранд.

Ободкориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихор ба забон меорад. Шукргузорӣ мекунад, ки ӯ давлатро аз порашавӣ, паҳну парешонӣ нигоҳ дошта, ба халқаш тинҷию оромӣ, сулҳу салоҳ овард.

Насиба ҲАСАНОВА, ноҳияи Мӯъминобод