Соҳибкори маҳаллӣ пул бунёд кард

№41 (4781) 03.04.2024

FB_IMG_1711377012554Сокинони деҳаи Назарбоии деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин солҳо боз аз сабаби надоштани пули мошингузар барои рафтан ба деҳаи ҳамсоя мушкилӣ доштанд ва аз надоштани оби ошомиданӣ тариқи маркабу ароба аз 2 километр роҳи дур об дастрас менамуданд. Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Рустам Шаҳбозов дар деҳаи мазкур пули мошингузар ба дарозии 30 метр сохта ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, мушкилоти беш аз 200 хоҷагии деҳаро баҳри гузаштан аз селроҳа, ки дар фаслҳои баҳору зимистон ба сокинон монеа эҷод мекард, осон намуд.

Роҷеъ ба корҳои хайри соҳибкори маҳаллӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин деҳа аз 95 метр чуқурӣ оби нӯшиданӣ бароварда шуд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»