Соҳибкори саховатпеша

№94 (4356) 17.07.2021

Дар ноҳияи Файзобод соҳибкори саховатпеша Мус­тафо Салимов нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикис­тон, гӯруғлисарои номдор Ҳикмат Ризоро бо харҷи чил ҳазор сомонӣ бунёд кард. Дар шафати нимпайкара, ҳамчунин, чойхона, ошхона ва фаввора низ эъмор гардид.

 Мустафо Салимов на танҳо  дар ободонӣ фаъол аст, балки дар арафаи идҳои саиди Фитр ва Қурбон ба ­оилаҳои камбизоату маъюбон низ кумак мерасонад.

Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар арафаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шаст оилаи ниёзманд ва маъюб ёрӣ расонад.

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод