Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар пайваста соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ мекунанд, ки ин амр боиси таъсиси корхонаҳои нав ва бо ҷойи кор таъмин гардидани аҳолӣ шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо пуштибонӣ аз ин сиёсат корҳои назаррасро ба субут мерасонад. Дар ҳамин замина, тибқи дастури узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корхонаҳои дӯзандагӣ барои омода намудани либосҳои мактабӣ аз матои истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ истифода мебаранд, ки дорои сифати хуб ва рангҳои зебо мебошанд. Мутобиқи ин дастур барои омода намудани либоси мактабӣ миёни коргоҳҳои истеҳсолӣ ва Шӯрои волидайни мактаб шартномаи тарафайн баста, дар чаҳорчӯби ҳамин шартнома то ба имрӯз коргоҳҳои дӯзандагӣ барои 38 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд дӯхтани либосҳоро оғоз намудаанд.
Бино ба иттилои Маҳмудҷон Дадобоев — масъули маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд либосҳои мактабӣ пурра аз матои истеҳсоли корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» омода мешаванд, ки 60 фоизи он аз пахта аст. Ин меъёр бо дарназардошти дархости тарроҳон ва дӯзандагон риоя шуда, бофандагони матоъ ва дӯзандагон тасмим доранд, минбаъд барои такмили сифати маҳсулоти худ ҳамкориро идома бахшанд. Илова бар ин, корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» барои наврасони синни мактабӣ куртаҳои сафедро низ пешниҳод намудааст, ки аз 35 то 40 сомонӣ қимат доранд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»