Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 зимни мулоқот бо сокинони деҳоти «Ҷовидон» — и ноҳияи Ванҷ барои сохтмони пули мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб, ки деҳаҳои Потов ва Ҷовидонро ба ҳам пайваст мекард, ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд.
Сохтмони пул 10 сол идома ёфта, ниҳоят ба охир расид. Аммо, ба гуфтаи мутахассисони соҳа, пул дар ҷои номувофиқ бино гардида, маҷрои оби Ванҷоб танг шуда, соҳилро шуста, чарогоҳи деҳаро ба харобазор табдил додааст.
Дар ин хусус борҳо мардум ба мутасаддиёни соҳа арзу шикоят карданд, вале танҳо соли гузашта қисмати болоии соҳил мустаҳкам карда шуд. Қисмати поёнии пул бошад, дар ҳолати ногувор қарор дорад.
Имсол бо сабаби гармои зиёд оби Ванҷоб аз маҷро баромада, чарогоҳи сокинонро шуста бурдааст.
Раиси Ҷамоати деҳоти «Ҷовидон» Рамазон Қурбонов хабар дод, ки ҳоло оби дарё пурра аз маҷро баромада, ба деҳа таҳдид дорад. Агар гармо чунин идома ёбад, хатари шуста бурдани боғоти деҳа аз эҳтимол дур нест.
Ба замми ин, сохтмончиён, тибқи нақша, то деҳа дар масофаи 500 — 600 метр сангу шағал рехта, роҳ бунёд намуданд, ки дар он маблағи зиёд сарф гардидааст. Агар чунин ҳолат идома ёбад, мумкин аст, ки роҳи сохта низ зери об монад. Дар он сурат кор мушкилтар хоҳад шуд.
Ба гуфти мутахассисон, агар қисмати соҳили поёнии пул каме мустаҳкам мешуд, дарё маҷрояшро меёфт ва ба мардум низ зарар намерасид.
Пас чаро мутахассисони вазорат чунин эҳтимолиятро дар кӯҳистон ба назар намегиранд?
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»