Биноҳои фарсудаю таъмирталаб, набудан катҳои дурусту замонавӣ барои хоби беморон, норасоии табибони дараҷаи олидор аз мушкилотест, ки солҳо боз кормандони шуъбаи касалиҳои кӯдаконаи назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро нигарон кардааст.
Зимни вориди бинои шуъба шудан, дару тирезаҳои куҳнаю фарсуда, ҳуҷраҳои тангу торики ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, деворҳои кафидаю рангпаридаро дида, табъи кас хира мегардад.
Мудири шуъбаи касалиҳои кӯдакона Мирзошо Ҳакимов ҳангоми суҳбат изҳор дошт, ки бинои шуъба аз солҳои 1980 то ба имрӯз фаъолият намуда, ба 70 ҳазор кӯдаконе, ки то синни 18-сола дар қайд мебошанд, хизмати тиббӣ мерасонад. Дарвоқеъ, бино таъмирталаб ҳасту куҳнаю фарсуда ва ба дастгирӣ ниёз дорад. Ҳуҷраи беморон ва катҳои хоб бошад, ба талабот ҷавобгӯ нест.
- Норасоии духтурони маълумоти олидор мушкили рақами як дар шуъбаи касалиҳои кӯдаконаи ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад. Ғайр аз худам дигар касе фаъолият намекунад. Синну солам ба ҷое расидааст. Солҳои пешин чор ё панҷ нафар духтурони маълумоти олидор дар шуъба фаъолият мекарданд. Ҳоло бошад, аз 4 ё 5 ҳиссаи воҳиди корӣ 3 ҳиссаи воҳиди корӣ холист, касе нест, ки кор кунад. Як худам ба беморон расидагӣ карда наметавонам. Ҳар сол аз ноҳия даҳҳо нафар ҷавонон тибқи квота дар Донишгоҳи давлатии тиббии мамлакат таҳсил мекунанду ба зодгоҳашон барнамегарданд. Фаъолият карданро дар шаҳр авлотар аз зодгоҳашон медонанд, — гуфт мудири шуъбаи кӯдакона Мирзошо Ҳакимов.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки феълан дар шуъбаи касалиҳои кӯдакона 22 нафар ҳамшираи тиб, 18 нафар коргари хурди тиб ва як нафар духтури маълумоти олидор фаъолият доранд. Ба иттилои масъулон, ғайр аз муроҷиаткунандагон дар ин давра 1027 нафар дар шуъбаи кӯдакона бистарӣ шуданд. Бинои шуъба аз 12 ҳуҷраи табобатӣ иборат мебошад.
Панҷ сол қабл, яъне соли 2018 бинобар зарурат дар рӯ ба рӯйи Маркази саломатии ноҳиявӣ, аниқтараш дар дохили Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сохтмони бинои нави шуъбаи кӯдакона оғоз ёфта буд. Мутаассифона, сохтмони карахтшудаи шуъбаро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Таассуфовар он аст, ки бо кадом сабабҳо солҳо боз сохтмонаш идома дораду ҳеҷ не, ки ба анҷом расад. Ҳангоми боздид аз сохтмони шуъбаи кӯдакона ғайр аз ду-се сохтмончӣ дигар касеро пайдо накардем. Доир ба кашол ёфтану дар ҳолати карахтӣ қарор доштани сохтмони шуъбаи кӯдакона бо сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Тағаймурод Абдуллоев ҳамсуҳбат шудем. Ӯ иброз дошт, ки маблағгузории сохтмони шуъбаи кӯдакона Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи лоиҳа, сохтмони шуъба аз ду ошёна иборат буда, барои 50 кат пешбинӣ шудааст. Соли 2023 барои сохтмонаш маблағи 1 миллиону 723 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар назар аст, ки он соли 2025 ба итмом расад. Дигар ягон маълумот надорам, чунки ба ҳайси сардухтури беморхона таъин гардиданам ду моҳ мешавад.
Дар пеш фасли сармо ҳасту боридани борону барф, аммо саволи матраҳ ин аст, ки чӣ гуна метавон бо чунин карахтии сохтмон қисмати сохташудаи биноро аз таъсири борону барф ҳифз кард, то ки вайрон нагардад. Наход дар тӯли 5 сол сохтмони биное, ки барои 50 кат пешбинӣ шудааст, тамом нашавад? Қаблан ин хел сохтмонҳоро «сохтмони гӯшти уштурхӯрда» мегуфтанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»