Сохтмони фабрикаи парандапарварӣ дар Кӯлоб

№42 (4782) 05.04.2024

FB_IMG_1711193541793 — копияДар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб бо иқдоми соҳибкор Амрохон Чориев фабрикаи парандапарварӣ бун­ёд гардид.

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо фаъолияти фаб­рика шинос гардида, ба сохтмони марҳилаи дуюми он ҳусни оғоз бахшиданд.

Гуфта шуд, ки самти фаъолияти фабрикаи парандапарварӣ истеҳсоли гӯшти мурғ буда, айни замон барои забҳ 10 ҳазор сар мурғ омода мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони фабрикаи парандапарварӣ соли 2022 оғоз гардида, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ 17 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»