Як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Манас (Қирғизқишлоқ)- и шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор бо мактуби шикоятӣ ба идораи рӯзнома муроҷиат карданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ба маълумоти шумо мерасонем, ки як қисми маҳаллаи мо зери нақшаи сохтмони «Фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ» қарор гирифтааст. Мутаассифона, моро пешакӣ дар ин бора огоҳ накарда, чанд рӯз пеш барои сохтмони хона замин доданду маҷбур карданд, ки хонаҳоямонро канда, тез ҷойро холӣ кунем. Ба мо ҳамагӣ се рӯз муҳлат ва ҳушдор доданд, ки баъди се рӯз булдозер оварда, ҳамаро чаппа мекунанд.
Бо супориши идораи рӯзнома мактубро пайгирӣ намудем. Нахуст ҳамроҳ бо раиси Ҷамоати шаҳраки Шарора ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор рафта, масъулинро бо муҳтавои нома шинос кардем. Сипас, бо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва шаҳраки Шарора ба маҳаллаи номбурда рафта, аз асли воқеа воқиф гаштем.
Ҷамъомад бо сокинони маҳалла беш аз ду соат давом ёфт. Маълум шуд, ки 64 хонаи истиқоматии онҳо тибқи нақшаи генералӣ зери сохтмони «Фурудгоҳи ҳарбии «Айнӣ» қарор гирифтааст ва зарурат пеш омадааст, ки аҳолии маҳаллаи Манас (Қирғизқишлоқ)- ро ба ҷойи дигар кӯчонанд.
Сокинони маҳалла аз он изҳори норозигӣ доштанд, ки онҳоро пештар дар ин бора огоҳ накарданд? Акнун маҷбуранд, ки ба таври таъҷил кӯч банданд, ба куҷо раванд, аз кадом ҳисоб хонаи истиқоматӣ бунёд кунанд?
Намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гуфтанд, ки ҳанӯз солҳои 2003- 2004 аҳолии маҳаллаи Манас ва як қисми маҳаллаи Матонатро огоҳ карда буданд, ки дар ҳавлиҳояшон сохтмонҳои иловагӣ накунанд. Вале ҳар хонавода ба таври худ ҳавлиҳояшонро бозсозӣ ва маблағи зиёд сарф кардаанд. Ба пурсиши сокинон — «Чаро соли 2003- юм заминҳои бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошударо ба аҳолии Қирғизқишлоқ надоданд, касе ҷавоб гуфта натавонист. Сипас, барои пайдо кардани маълумотҳои тасдиқкунанда дар Ҷамоати шаҳраки Шарора бо ҳуҷҷатҳо ошно гардидем.
Тавре аён шуд, ҳанӯз 16 сентябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №369 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони фурудгоҳи ҳарбӣ аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ва Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор), инчунин ҷойгиронии аҳолӣ ва иншооте, ки дар минтақаи мазкур воқеъ мебошад, ба тасвиб расида будааст.
Дар қарори мазкур омадааст: «Мутобиқи моддаи 29- уми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони фурудгоҳи ҳарбӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои ноҳияҳои Ленин ва Ҳисор ба масоҳати умумии 229, 32 гектар ҷудо карда шавад.
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 миллиону 266168 сомонӣ зарари ба заминис–тифодабарандагон расонидашударо ҷуброн намояд ва бо мақсади аз худ намудани заминҳои нав бар ивази заминҳои ҷудошаванда ба ҳисоби махсуси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 833 ҳазору 136,5 сомонӣ гузаронад. Вазоратҳои иқтисод ва савдо, молия, адлия, кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ пешниҳодҳои мувофиқашударо оид ба манбаъҳои пардохти маблағҳои дар бандҳои 3 ва 4 ҳамин қарор зикргардида манзур намоянд.
Раисони ноҳияҳои Ҳисор ва Ленин барои ҷойгир кардани як қисми аҳолии деҳаи Қирғизқишлоқ (ҳоло Манас) ва шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор, инчунин як қисми аҳолии шаҳраки Заводи пахта, мактаб, бинои маъмурии идораи хоҷагии «Коммунизм» ва иншооти хизматрасонии иҷтимоии хоҷагии «Коммунизм»- и ноҳияи Ленин чораҳои дахлдор андешанд.
Корхонаҳои байниноҳиявии барӯйхатгирии техникии ноҳияҳои Ҳисору Ленин барӯйхатгириро анҷом диҳанд ва арзиши хонаҳои истиқоматӣ, дарахтони мевадор ва дигар иншооти ёрирасонро муайян намуда, ин хароҷотҳоро ба сметаи хароҷоти лоиҳаи сохтмони фурудгоҳ дохил намоянд. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ноҳияҳои Ленин ва Ҳисор ба ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии замин тағйироти дахлдор ворид намоянд».
Аз қабули қарори мазкур 15 сол сипарӣ гардид. Роҳбарияти вақти ноҳияи Рӯдакӣ тибқи он барои сокинони маҳаллаҳои номбурда ҳанӯз соли 2003-юм замини наздиҳавлигӣ ҷудо карданд, вале масъулини онвақтаи ноҳияи Ҳисор худро ба нодонӣ зада гаштанд. Ҳол он ки тибқи қарори раиси ноҳияи Ҳисор таҳти №181 аз 18 июни соли 2003 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №541 аз 25 декабри соли 2003 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин ба ҷамоати шаҳраки Шарора барои кӯчонидани аҳолии шаҳраки Шарора ва деҳаи «Қирғизқишлоқ» (ҳоло маҳаллаи Манас) аз ҳисоби заминҳои Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор»- и Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор, майдони 18,33 гектар, аз он ҷумла 17, 97 гектар корами обӣ ва 0,36 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо гардида, ҳамон сол аз тавозуни Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор»- и ноҳияи Ҳисор бароварда шудааст. Пас чӣ боис шуд, ки замини мазкур ба аҳолии маҳаллаҳои номбурда тақсим нагардид?
Агар роҳбарияти ноҳияи Ҳисор даҳ сол пеш ба сокинони маҳаллаи Манас (Қирғизқишлоқ) замини тибқи қарор ҷудошударо тақсим мекарданд, онҳо то имрӯз бо маблағҳои шахсиашон манзили истиқоматӣ бунёд менамуданд ва гирифтори мушкилот намешуданд.
Чанд рӯз пеш қарори раиси шаҳри Ҳисор оиди дар марҳилаи аввал ба 22 хонаводаи маҳаллаи Манас додани замини наздиҳавлигӣ ба имзо расид, ки масоҳати ҳар як қитъа 0,05 гектарро дар бар мегирад. Мутаассифона, то ҳол маблағи ҳисобшудаи хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон пардохт нагардидааст. Сокинони маҳалла мегӯянд, ки ҳанӯз аввали моҳҳои январ, феврали соли равон як гурӯҳ кормандони КВД «Оид ба нархгузорӣ»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳаллаи Манас омада, ҳар як бинои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасону дарахтони мевадиҳандаро нархгузорӣ ва аксбардорӣ карданд. Ба қавли онҳо ҳатто дар вақти санҷиш кормандону мутахассисони ин ниҳод хунукназарона рафтор намуда, хонаҳоро ҷиддӣ насанҷида, мувофиқи майли худ нархгузорӣ кардаанд, ки аз чунин ранг гирифтани кор қаноатбахш нестанд ва намедоданд ба кӣ муроҷиат намоянд? Ҳол он ки дар бандҳои 5,6,7- уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №369 аз 16 сентябри соли 2002 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони фурудгоҳи ҳарбӣ аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Ленин ва Ҳисор, инчунин ҷойгиршавии аҳолӣ ва иншооте, ки дар минтақаҳои мазкур воқеъ мебошанд гуфта шудааст: «Мақомоти дахлдор дар муҳлати ду моҳ аз иҷроиши қарори мазкур пешниҳодҳои мувофиқашударо манзур намоянд».
Оё имрӯз ниҳодҳои номбурда гуфта метавонанд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иҷрои ин қарор чӣ пешниҳод кардаанд. Агар ҳама бандҳои дар қароромада иҷро шуда бошад, чаро 64 хонаводаи маҳаллаи Манас (Қирғизқишлоқ)- и шаҳри Ҳисор то ҳол замини наздиҳавлигӣ нагирифтаанд? Маблағи хонаҳо кай ба соҳибонашон мерасида бошанд, ки онҳо сохтмонро оғоз намоянд. Тирамоҳ, ки фасли боронҳост, аллакай ворид шудааст ва дар пеш зимистон аст. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2017- 2018 худро чӣ гуна нишон медиҳад.
Баҳсҳо оид ба қитъаи замини масоҳаташ 18, 33 га миёни Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҳамоно идома доранд. Роҳбарияти институти номбурда ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуб (таҳти №1/93 аз 3 августи соли 2017) дар бораи муайян кардани ин қитъаи замин муроҷиат кардаанд.
Баъди санҷиш Комиссияи давлатии Сарраёсати кадастри давлатии замин оиди муайян кардани қитъаи замини баҳсӣ ба мактуби Институти зироаткорӣ ва бартараф намудани амалҳои ғайриқонунӣ ҷиҳати тақсимоти заминҳои тарҳи 45- и харитаи заминистифодабарии Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор» чунин ҷавоб гуфтааст:
«Тибқи Қарори раиси ноҳияи Ҳисор таҳти №181 аз 18 июни соли 2003 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №541 аз 25 декабри соли 2003 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин ба Ҷамоати шаҳраки Шарора барои кӯчонидани аҳолии шаҳраки Шарора ва деҳаи «Қирғизқишлоқ» аз ҳисоби заминҳои Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор»- и ноҳияи Ҳисор майдони 18, 33 гектар, аз он ҷумла, 17,97 гектар корами обӣ ва 0, 36 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо гардида, ҳамон сол аз тавозуни Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор» бароварда шудааст. Масъулини Институти зироаткорӣ майдони 18, 33 гектари аз тавозун баровардашударо бо тарҳҳои 16, 37 ва 38- и харитаи заминистифодабарии Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор», ки пурра бо хонаҳои истиқоматӣ банд мебошад, асоснок мекунанд. Дар ҳақиқат, тарҳҳои 37 ва 38, ки майдони 7,44 гектар қитъаи замини корами обиро дар бар мегирад, бо қарори раиси ноҳияи Ҳисор таҳти №181 аз 18 июни соли 2003 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №541 аз 25 декабри соли 2003 ба ҷамоати шаҳраки Шарора барои кӯчонидани аҳолии он ва деҳаи Қирғизқишлоқ ҷудо гардидааст. Мутаассифона, қитъаҳои замини мазкур бо қарорҳои Ҷамоати шаҳраки Шарора ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба дигар шахсон дода шудааст».
Масъулини Институти зироаткорӣ иброз медоранд, ки майдони 10,53 гектар замини дар тарҳи 16-и харитаи заминистифодабарии Хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор», ки ҳоло пурра дар он хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, низ аз ҳисоби 18,33 гектари барои кӯчонидани аҳолии зери сохтмони фурудгоҳи ҳарбӣ пешбинишуда мебошад.
Яъне, аз майдони 18,33 гектари пешбинишуда барои кӯчонидани аҳолии шаҳраки Шарора ва деҳаи Қирғизқишлоқ ҳамагӣ 7,44 гектар замини корами обии он шурӯъ аз соли 2006 то ба имрӯз бо қарорҳои роҳбарияти ҳамонвақтаи Ҷамоати шаҳраки Шарора ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ҷудо гардидааст. Айни ҳол 10, 53 гектар қитъаи замини корами обӣ ва 0,36 гектар замини ғайрикишоварзӣ дар тавозуни Ҷамоати шаҳраки Шарора қарор дорад, ки дар истифодаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Масъулини Институти зироаткорӣ мегӯянд, ки дар маҷмӯъ, ба 166 нафар сокини деҳаи Қирғизқишлоқ аз тарҳҳои 37, 38 ва 16- и харитаи заминистифодабарии болозикр қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дода шудааст.
Вале Кумитаи давлатии идораи заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми санҷиш муайян кардааст, ки дар тарҳи 37, 38-ум 80 хонаи истиқоматӣ ва дар тарҳи 16 бошад, 160 хонаи истиқоматӣ сохта шудааст, ки онҳо барои сокинони деҳаи Қирғизқишлоқ нестанд. Ин боис гардидааст, ки имрӯз 166 хонаводаи деҳаи Қирғизқишлоқ ва шаҳраки Шарора аз қитъаи замин маҳрум монанд.
Чунин рафторҳои ғайриқонунии роҳбарияти вақти Ҷамоати шаҳраки Шарора ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ба роҳбарияти имрӯзаи шаҳри Ҳисор ва Ҷамоати шаҳраки Шарора мушкилии зиёд эҷод ва аҳолии деҳаи Қирғизқишлоқ (ҳоло маҳаллаи Манас)- ро сарсону саргардон кардааст.
Акнун, бинобар сабаби он ки сохтмони «Фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ» идома дорад, аҳолии маҳаллаҳои номбурдаро маҷбур намуда истодаанд, ки ҳар чӣ зудтар хонаҳояшонро тарк карда, дар заминҳои барояшон ҷудошуда сохтмони манзилро оғоз кунанд. Ҳоло мушкили аз ҳама асосӣ барои аҳолии Қирғизқишлоқ (маҳаллаи Манас) пардохти саривақтии маблағи хонаҳои онҳост, ки аз тарафи КВД «Оид ба нархгузорӣ»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Мутаассифона, дар ҳалли ин масъала низ масъулон худро канор гирифтаанд.
Пас чӣ бояд кард?
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»