Зимистони минтақаи Мискинободи ноҳияи Файзобод, ки дар баландии 1800 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, қариб шаш моҳ давом мекунад. Сокинони мавзеъ дар фасли зимистон аз хизматрасонии тиббӣ танқисӣ мекашанд, зеро то маркази ноҳия бисту як километр масофа аст.
Собиқ раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода дархости сокинони минтақаро ба назар гирифта, моҳи апрели соли 2017 барои сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Фатҳобод замин ҷудо кард. Тибқи нақша мебоист сохтмони он ҳамон сол оғоз мегардид, вале аз байн се сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар ин самт иқдоме сурат нагирифт.
Дар бораи кашол ёфтани сохтмони маркази саломатӣ ба муовини раиси ноҳия Рустам Сафаров даҳҳо маротиба муроҷиат кардам, вале бе натиҷа. Ӯ мегӯяд, ки ин масъаларо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳал мекунад.
16 октябри соли 2019 ба вазорати зикршуда муроҷиат намудам, вале то ба ҳол ҷавоб нагирифтаам. 25 ноябри соли 2019 ба вазорат омада, ба шуъбаи умумӣ даромадам. Кормандони шуъба гуфтанд, ки ҷавоби муроҷиатамро ба воситаи почта равон кардаанд. Ба вазорат бори дигар муроҷиатамро пешниҳод кардам, вале боз натиҷа надод. Ҳоло мехоҳам донам, ки чаро масъулин аз вокуниши дархост худдорӣ менамоянд?
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод