Деҳаи Себи Сурхи деҳоти Ватани ноҳияи Фархор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассиса бо ҳама лавозимоти хониш муҷаҳҳаз буда, дар он кабинетҳои махсус аз фанҳои химия, физика, компютер ва биология бо тамоми таҷҳизот таъмин карда шудааст.
- Дар расми ифтитоҳи бино Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ва раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ иштирок намуданд.
Бинои муассиса дуошёна буда, аз 10 синфхонаи таълимӣ, маркази инкишофи кӯдак ва дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ шудааст.
Айни ҳол дар ноҳияи Фархор 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей, 2 гимназияи таълимаш бо забони русӣ ва як парваришгоҳи назди мактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 43 ҳазору 716 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 2879 омӯзгор таълим медиҳанд.
Ба саволи он, ки омодагиҳо ба фасли сармо дар муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ гуна аст, Хайрулло Шоҳимардонов иҷрокунандаи мудири шуъбаи маориф гуфт, ки ҷиҳати пушти сар намудани зимистони солҳои 2024 — 2025 дар ҳама муассисаҳои таълимию томактабии ноҳияи Фархор омодагии ҷиддӣ дида, 990 — тонна ангишт, 1451 куб ҳезум ва беш аз 3 тонна сӯзишворӣ дар анбори муассисаҳои таълимӣ захира шудааст.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»