Сохтмони роҳҳо бомаром идома дорад

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

Соли 2021 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ нав­созии қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз анҷом ёфта, бунёду азнавсозии қитъаи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғоз гардид.

Ин қитъаи роҳ 109 километр­ро ташкил дода, бо пурра таҷдид гардидани он 17 километр кӯтоҳ мешавад. Роҳ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда, бо анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо рафтуомади доимию бехатари сокинон ва воситаҳои нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол таъмин мегардад.

Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи бунёди қитъаи ин роҳро аз маркази Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ба масофаи 235 километр ва аз Варшез то гузаргоҳи Кулма-Қарасуро ба дарозии қариб 300 километр амалӣ карда, гузаргоҳи Кулма-Қарасуро таҷдид намояд. Бунёди ин роҳ на танҳо барои аҳолии минтақа аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад, балки дар ояндаи наздик ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодӣ истифода мегардад.

Тавре сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и ВМКБ Далер Мукаррамшоев иброз намуд, ҳар як сафари Роҳбари давлат ба Бадахшон на танҳо барои роҳсозон, балки ба сокинони вилоят фоли нек аст.

Дар вилоят барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истода, инчунин ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маб­лағи 2,7 сомонӣ ба нақша гирифта шуданд. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои дохилӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ мунтазам равона гардида, бо ин мақсад беш аз 300 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва 870 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 193 пул таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

- Айни ҳол сохтмони пули мошингузари маҳаллаи «Селхозтехника»-и шаҳри Хоруғ ва роҳи мошингузари қитъаи Бердибекободи ноҳияи Шуғнон бомаром идома доранд. Дар сохтмонҳои мазкур сокинони маҳаллӣ кору фаъолият намуда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди вилоят 10 муассисаи зертобеъ дорад, ки онҳо дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди вилоятро пурра таъмин менамоянд. Бо супориши Сарвари давлат муассиса бо техникаи роҳсозӣ таъмин гардида, роҳсозон ҳаматарафа дастгирӣ меёбанд. Ҳоло барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо беш аз 100 механизми роҳсозӣ ва воситаҳои нақлиёт мавҷуданд, — гуфт Д. Мукаррамшоев.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»