Тавре иттилоъ дода будем, барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар мавзеи Питои Манеми ноҳияи Шуғнон 22 гектар замин ҷудо ва тақсим карда шуд. Барои 84 хоҷагӣ дар ин шаҳраки нав хонаи урфии бадахшонӣ сохта истодаанд. Ҳамчунин дар ин шаҳрак мактаб ва маркази саломатӣ қомат афрохта истодааст. Бо супориши Сарвари давлат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт тамоми маводи сохтмонӣ ба ин ҷо ворид гардидааст.
Роҳбари ситод — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, инчунин раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ пайваста ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офати табииро назорат карда истодаанд.
Оилаҳои зарардида бо хаймаҳо, маводи хӯрока, рахти хоб ва оби нӯшокӣ пурра таъмин мебошанд.
ҶСК «Помир Энерҷи» аз масофаи 700 метр ба шаҳрак хатти барқ кашида, мардум ва майдони сохтмониро бо барқ пурра таъмин намуд. Идораи обу корез бошад, аз масофаи қариб як километр қубури об кашид.
- Як ҳафта пеш, – иброз дошт раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, — аз ҳисоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои пурра зарардида даҳ ҳазор сомонӣ, қисман зарардида шаш ҳазор сомонӣ, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пурра зарардидагон чор ҳазор сомонӣ, қисман зарардида ду ҳазор сомонӣ кумаки яквақта расонда шуд. Боз тибқи супориши Ҷаноби Олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осебдидагон кумаки яквақтаи пулӣ ба маблағи 139 ҳазор сомонӣ барои 81 оилаи бехонамонда расид. Инчунин раиси вилоят ба оилаи Саидахмедов Муллофирдавс, ки дар натиҷаи обхезӣ дар ноҳияи Ванҷ зарар дида буд, маблағи даҳ ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи Президенти мамлакатро расонид. Ҳамчунин нафақаи нафақахӯроне, ки муваққатан дар хаймаҳо зиндагӣ доранд, аз ҷониби кормандони филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-и шаҳри Хоруғ дастрас гардид.
Дашти Манем имрӯз симои худро дигар намуда, ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфта истодааст. Он рӯз дур нест, ки бо дастгирии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин макон ба як шаҳраки замонавӣ табдил меёбад ва мардум ба зиндагии осудаҳолона машғул мешаванд.
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»