Сохтмони варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст

№ 25.01.2024

ВАРЗИШ ИСЛОМ 240124Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сохтмони варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷойи нишаст бо суръат идома дорад.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Восеъ Рустам Ҳисайнов иттилоъ дод, варзишгоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Айни замон 60 дарсади корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ ба анҷом расида, атрофии он пурра панҷарабандӣ шудааст. Масоҳати замини сохтмон бошад, беш аз 10 гектарро ташкил медиҳад.

Р. Ҳисайнов ҳангоми суҳбат афзуд, ки дар назар аст дар ду тарафи даромадгоҳи варзишгоҳ сутунпояҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ қомат афрозанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ба муносибати истиқболи сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бунёди 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»