Дар асоси фармонҳои марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ қабул ва иҷро гардида, марҳилаи сеюми он мавриди амал қарор гирифт. Аз ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур хабарнигорамон бо муовини якуми раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Нуриддин Ғаффор мусоҳиб гашт.
- Зарурати қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ аз чӣ иборат буд?
- Мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо мебошад. Масалан, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти № 271 тасдиқ гардидааст, дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромўз — судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас касб намуд.
Бинобар ин, идома додани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ талаби замон мебошад. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, сохтори мақомоти судӣ ва салоҳияти он такмил ёфт. Вазифаҳои онҳо мушаххас ва фаъолияташон шаффоф гардонида шуд. Ҳамзамон талаботи тахассусӣ ҳангоми таъин ва интихоби судяҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии онҳо пурзўр гардонида шуда, маърифати баланди ахлоқӣ ва дараҷаи касбию зеҳнӣ, дониши амиқи ҳуқуқӣ, одоби муоширати касбии судягӣ, адлу инсоф, беғаразӣ, ҳисси баланди эҳтиром ба халқу Ватан, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, адолатнокию поквиҷдонӣ амалӣ гардиданд.
Беҳбуд бахшидани сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилӣ, махсусан бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин кардани онҳо, давра ба давра зиёд гаштани музди меҳнат яке аз омилҳои таҳкими мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта дар мақомоти судӣ ба ҳисоб меравад.
- Дар ҷараёни татбиқи Барнома дар низоми судии мамлакат чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд?
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти № 271 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2010» ба таҳкими мақомоти судӣ ва иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошта роҳи васеъ кушод. Барномаи номбурда дар баробари фаъолияти ҳокимияти судӣ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро низ, ки бо раванди ба амал баровардани адолати судӣ робитаи бевосита доранд, дар бар гирифт.
Ҷиҳати иҷрои Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардиданд, инчунин дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ташкили коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат карда истодаанд.
Ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ идома дорад ва аксарияти талаботе, ки аз «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2013» бармеомад, бо роҳи ворид намудани тағйиру илова ба санадҳои қонунгузорӣ амалӣ карда шуд. Аз ҷумла давоми солҳои 2011 — 2013 ба кодексҳои амалкунандаи мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба рушди мурофиаҳои то судӣ ва ғайрисудии ҳалли баҳсҳо, тартиби тақсими парвандаҳо байни судяҳо, пешниҳоди ахбори ҳарсола дар бораи фаъолияти ҳар як судя ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар қабули қарорҳо, тарзи такмили ихтисос ва санҷиши тахассусӣ, баррасии такрории парвандаҳо ҳангоми бекоршавии санадҳои судӣ, қатъи пешбурди парванда бо тартиби содакардашуда, хориҷ кардани марҳилаҳои аппелятсионӣ дар судҳои иқтисодӣ, муайян намудани судяҳои баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурию оилавӣ ва дигар масъалаҳои фаъолияти судӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Бо қабули кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва бо ин васила васеъ гардидани фаъолияти судҳо, инчунин бо дарназардошти рушду нумўи босуръати соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ташаккул ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба талаботи ҷаҳони муосир ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонидан зарурати таҳия ва қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав пеш омад.
Мавриди зикр аст, ки санаи 26 марти соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардида, принсипҳои асосӣ, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи қонунҳоро бо тартиби нав ба танзим даровард. Аз ин рў, ба техникаи эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, забони давлатӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарур буд. Бинобар ин, дар банди 10-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2013», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти № 976 тасдиқ шудааст, қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардид.
Хусусиятҳои фарқкунандаи қонуни конститутсионии номбурда дар он ифода меёбад, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, кодексҳои меҳнат, оила ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав (аз 26 июни соли 2014 таҳти №1084) бо дарназардошти талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор гирифта, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро нисбат ба ҳокимияти судӣ пешбинӣ намудааст.
- Дар марҳилаи сеюми татбиқи Барномаи мазкур, ки ҳоло шурўъ гардидааст, кадом бахшҳои фаъолияти мақомоти судӣ бо ислоҳот фаро гирифта мешаванд?
- Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 январи соли 2015 таҳти № 327 «Барномаи ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2017» қабул гардид. Барномаи мазкур дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия шудааст.
Дар Барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, рушди қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд пешбинӣ шудааст. Чунончӣ, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судӣ такмил додани сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки дар асоси он ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Бо дарназардошти таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд, яъне ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон мавриди баррасӣ ва таҳия қарор гирад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати ташкили экспертизаи судӣ, бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидан, аз байн бурдани такроршавии вазифаҳои онҳо бояд муассисаҳои экспертӣ (ба истиснои экспертизаи судии тиббӣ) ба як сохтори мустақили давлатии берун аз таъсири идоравӣ табдил дода шаванд.
Инчунин дар асоси иҷозатнома ҷорӣ намудани экспертизаи мустақили ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати амалӣ гаштани ин тадбирҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҷдиди назар хоҳанд шуд.
Тибқи банди чоруми Барнома, ки ба ислоҳоти низоми судӣ нисбати ноболиғон бахшида шудааст, дар асоси тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак, инчунин тибқи банди 13-уми Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 — 2015 судҳои ювеналӣ таъсис дода мешаванд.
Вобаста ба «Барномаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) чунин зикр карда буданд: «Татбиқи Барномаи мазкур барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид».
Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро он бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў пайванди ногусастанӣ дорад.
Аъзам МЎСОЕВ, «Садои мардум»