Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», ӯ 23 июли соли ҷорӣ, соати 1200 дар таваллудхонаи №2 шаҳри Душанбе таваллуд шуда, ба ӯ Фирдавс ном гузоштанд. Волидони навзод Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт буда, падар муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс аввалин фарзанди оилаи ҷавон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли навзодро муборакбод гуфта, ба Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки онҳоро бо манзили истиқоматӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакатро ба муносибати ба 10 миллион нафар расидани шумораи аҳолии кишвар табрик намуданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба Махфират Шокирова ҷудо кардани хонаи сеҳуҷрагӣ қарори дахлдор имзо карда, калиди онро аз номи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода тақдим намуданд. Инчунин, бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳуҷраи навзод бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда мешавад.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»