Соли 2022 дар ВМКБ 461 иншооту 26 корхона бунёд шуд

№12 (4595) 12.01.2023

Чанде пеш таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонабот Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он асосан «Муҳокимаи лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои соли 2023 ва таъмини иҷрои он дар соли 2021», «Баррасии рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз 15 декабри соли 2020 таҳти №38 «Дар бораи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи аввал «Муҳокимаи лоиҳаи буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон барои солҳои 2023 ва таъмини иҷрои он дар соли 2021» сардори Сарраёсати молияи вилоят Хурсанд Вафобекзод баромад карда, аз ҷумла гуфт, ки рушди нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ — иҷтимоии вилоят ва иҷрои нақшаи даромади худии буҷети вилоят дар 11 моҳи соли гузашта 108,3 фоиз таъмин гардид.

Воридоти даромади худӣ ба буҷети вилоят 124 млн. сомониро ташкил дода, тибқи нақша 9,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят аз рӯи ҳаҷми умумӣ бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар маҷмӯъ дар вилоят ба андозаи 103,1 фоиз иҷро гардида, маблағи субвенсия 100 фоиз таъмин шуд.

Номбурда тавзеҳ дод, ки сарфи назар аз мушкилиҳои соли гузашта ҳаҷми умумии даромади буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2023 аз рӯи даромад ва хароҷот дар ҳаҷми 406,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, афзоиши ҳаҷми буҷети вилоят барои соли 2023 нисбат ба буҷети соли гузашта 65,5 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Дар идомаи иҷлосия сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ Исрор Исроров вобаста ба татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025» иброз намуд, ки барнома 135 лоиҳаро ба маб­лағи умумии 4759,1 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Дар ин давра аз рӯи 120 банди барнома, ки амалишавии бандҳо аз соли 2021 то соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, 42 банд ба ­маблағи 609 миллиону 530,4 ҳазор сомонӣ пурра иҷро гардида, дар 40 банд ба маблағи 225 миллиону 507,8 ҳазор сомонӣ корҳо идома доранд ва дар 38 банди барнома бошад, бинобар маблағгузорӣ нагаштани онҳо, корҳо то ҳол оғоз нашуданд.

Дар давоми соли 2021 ва 10 моҳи соли 2022 аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншоотҳо бо назардошти маблағҳои соли 2020-ум 864 миллиону 606,2 ҳазор сомонӣ равона шуда, аз он 93 миллиону 105,1 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 22 миллиону 340,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ, 686 миллиону 397,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва 62 миллиону 762,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ иҷро гардидааст, ки 51 фоизи нақшаи маблағи пешбинишудаи солҳои 2021- 2022 ва 18,2 фоизи маб­лағи умумии барномаро ташкил медиҳад.

Сипас, Алишер Мирзонабот зикр кард, ки мувофиқи ҳисоботи пешакии ҷамъбасти фаъолияти соли 2022, дар ҳама соҳа пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Танҳо дар сохтмон ва соҳибкорӣ 461 иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта шуда, 26 коргоҳу корхона таъсис ёфтанд.

Дар маҷмӯъ, танҳо дар сохт­мон 201 миллиону 921,1 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, айни ҳол корҳои бунёдӣ ба маб­лағи 35 миллион 585 ҳазор сомонӣ дар 144 иншооти вилоят идома доранд.

Сипас, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»