Дар остонаи Соли нави мелодӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки ба соли сипаригардида назар андозем ва онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки соли 2015 барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор, созандагиву бунёдкорӣ ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллӣ буд. Ба суоли хабарнигори рӯзнома бобати бардоштҳо аз соли 2015 ва таманниёташон дар соли 2016 Равшани Махсумзод — мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чунин посух дод:
- Соли 2015 барои нависандагони Тоҷикистон ва умуман, барои адабиёти тоҷик соли таҳаввулоти ҷиддӣ ва босамар буд. Дар ин сол Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 80 — сола шуд, Анҷумани 14 — уми нависандагони Тоҷикистон баргузор ва роҳбарияти он аз нав интихоб гардид. Ин дигаргуниҳо боис гардид, ки дар фаъолияти ин иттифоқи куҳантарини эҷодӣ тағйироти наву хотирмон ба амал ояд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон давоми сол барои баррасӣ намудани мавзӯъҳои рӯзмарраи адабиёт ва баргузории чорабиниҳои муҳими давлатӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. тӯли шаш моҳи охир шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як қатор маҳфилҳои адабӣ ва мизҳои мудавварро доир намуд. Аз ҷумла дар мавзӯи «Пешгирии зиёдаравии мазҳабӣ ва таассубу хушунат дар ҷомеа ва инъикоси ин мавзӯъҳо дар қиссаи машҳури Нависандаи халқии Тоҷикистон Ф. Муҳаммадиев «Дар он дунё» маҳфили хотирмон баргузор шуд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Ғояҳои ватандориву хештаншиносӣ ва мазаммати ифротгаройиву бегонапарастӣ дар насри муосири тоҷик» чорабинӣ доир намудем. Дар он адибону муҳаққиқон ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд. Соли 2015-ум 110 – солагии нависандаи шинохтаи тоҷик Ҳаким Карим ҷашн гирифта шуд, ки ин чорабинӣ барои тарбияи насли ҷавон ва арҷ гузоштан ба чеҳраҳои шинохтаи адабӣ хеле муфид буд. Боиси ифтихор аст, ки бо мақолаву ҳикоя ва қиссаҳои хеш имсол низ устодони насри муосир А. Самадов, С. Турсун, Ӯ. Кӯҳзод, Сорбон, К. Мирзо, Баҳманёр, Б. Муртазо ва дигарон ҳаводорони суханро шод гардонданд. Насри муосири тоҷик дар инъикоси дастовардҳои даврони истиқлол, таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ саҳми назаррас дорад. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар қисми дуюми романи Абдулҳамид Самадов «Гардиши девбод» хеле моҳирона инъикос шудааст. Воқеаву рӯйдодҳои тасвиршуда то чӣ андоза нангину зараровар будани таассубу ҷаҳолатро собит мекунад. Умуман, нависандагони тоҷик бо кӯлбори пурбор соли нави мелодиро истиқбол хоҳанд гирифт.
Дар ҳаёти ман низ имсол як қатор навгониҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Пас аз солҳои зиёди рӯзноманигорӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолиятамро дар шуъбаи насри он оғоз кардам. соли сипаришуда барои қиссаи «Шабе дар замини бетараф» ба ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардидам. Ин қисса ба ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳамзистиву ҳамҷаворӣ ва ҳамсоядории неку барои тарафайн судманд — дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»