Дар робита бо эълон шудани ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар пайи хурӯҷи коронавирус ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд, ки моҳи феврали соли 2020 парвозро дар хатсайри Душанбе-Урумчи-Душанбе муваққатан қатъ намояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Маблағи чиптаи мусофирони хатсайрҳои қатъшуда баргардонида мешавад ва ё бо хоҳиши мусофирон чиптаи парвоз ба муҳлати дигар иваз карда мешавад.
Айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 — 300, — 800 ва — 900, инчунин чархболи Airbus H125 иборат мебошад.
Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»