Ба пешвози 20 - солагии СҲШ

Созмоне, ки дар ҷаҳон нуфузи баланд дорад

№54-55 (4316-4317) 24.04.2021

Андешаҳо вобаста ба саҳми Пешвои миллат дар болоравии мақому манзалат ва пешрафту такомули Созмони ҳамкории Шанхай

2022logoСоли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз таъсисёбии он бист сол сипарӣ мегардад, ба уҳда дорад. 

Агар моҳияти созмонро мухтасар бозгӯйӣ намоем, беҳтар аз таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати он ки «СҲШ — созмони нодиру дилхоҳи замон аст, ки дар ҷаҳон нуфузи баланд дорад», пайдо карда наметавонем.

Зарурати таъсис ва нақши он дар арсаи байналмилалиро шарҳу тавзеҳ дода, Роҳбари хирадсолори давлат таъкид карда буданд, ки «мо СҲШ — ро ҳамчун майдони боэътимоди ҳамгироӣ мешуморем».

Агар фаъолияти созмонро мӯшикофона мавриди таҳлил қарор диҳем, муътақид хоҳем шуд, ки саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклгирӣ ва пешрафту такомули он қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Пешниҳодҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханрониҳояшон зимни баргузории чорабиниҳои гуногуни ба Созмони ҳамкории Шанхай рабтдошта ироа шуданд, барои болоравии мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, мусоидат ба ҳалли қазияи Афғонистон ва ғайра таҳрик бахшиданд.

Пешвои хирадманду дурандеши миллат соли 2014, замони маротибаи дуюм раёсати онро ба зимма доштани кишвар таъкид карда буданд: «Моро зарур аст, ки тез ба вазъи зудтағйирёбандаи геополитикӣ мутобиқ шавем ва ҷиҳати вокуниши фаврию муносиб ба чолишҳои замони муосир механизми амалии татбиқи рушди Стратегияи СҲШ-ро таъсис диҳем».

Ибрози ин андеша ба замоне иттифоқ афтод, ки аксар кишварҳо ба вазъи баамаломадаи геполитикӣ «аз паси панҷа менигаристанд» ва пайомади онро ҷиддӣ қабул намекарданд. Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тезтар, беҳтар ва бештар аз дигарон дарк кардаанд, ки «дунё дар шароите қарор дорад, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳокими раванди таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст». Бетафовутӣ ба ин раванд пайомади ногувор дорад, ки тезутундшавии ҷанбаҳои ба сиёсату иқтисод ва фарҳангиву ахлоқ рабтдошта, афзудани тафриқаи иҷтимоӣ миёни мардум ва шиддат гирифтани буҳрони маънавӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 10 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия баргузор шуд, Пешвои миллат бо ибрози он ки «саъю кӯшишҳои якҷояро дар муборизаи зидди «се адоват» афзун намуда, ба ситезаҳои мавҷуда зарбаи қатъӣ зада, ба бархӯрд бо хавфу хатарҳои нав омода бошем», моҳиятан ба сарони кишварҳои аъзо ҳушдор дода буданд. Дар муддати кӯтоҳ воқеияту муҳимияти суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардид.

Ба ин монанд, моҳияти таъкиди Пешвои миллат – «Дар ҷаҳони аз ҳам вобастаи Созмони ҳамкории Шанхай талаб карда мешавад, ки ба таври фаврӣ ва муносиб ба таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз ифротгаройӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, эътино карда шавад», бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир садчанд афзун гардид.

Чунин ташаббускории аз ҷасорату дурандешӣ таркибёфта дар суханрониҳои абармарди олами сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай муттасил аст.

Барои мисол, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 24 июни соли 2016 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид. Тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақаву ҷаҳон ва тезонидани раванди таъсиси бонк ва Фонди рушди Созмони ҳамкории Шанхай баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти минтақавӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Қобили зикр аст, ки фаъолу ташаббускор будан дар чорабиниҳои чунин сатҳ аз мақому манзалати хоса ва бениҳоят баланди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

Нақши Пешвои миллат баҳри муайяннамоӣ ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст.

Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвар ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ, назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Ҷанбаи мазкур замина фароҳам овард, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба раванд таҳрикбахшанда таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гарданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, СҲШ-ро ҳамчун василаи ба таъмини амният ва суботи давлат мусоидаткунанда муайян намуданд.

- Соҳаи иқтисодиёт самти бунёдии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ боқӣ мемонад. Густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ, аз ҷумла, дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории дорои аҳамияти минтақавӣ, ба мушоиати самараноки молиявии бештар ниёз дорад. Умед дорем, ки коршиносони кишварҳои аъзо метавонанд мавқеи мувофиқашударо доир ба таъсиси Фонди рушд (Суратҳисоби махсус) ва Бонки рушди СҲШ таҳия намоянд, — иброз дошта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки нуҳуми июни соли 2017 дар Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Роҳбари давлат иқтидори кишварҳои аъзои СҲШ — ро дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия баланд ва ҳамкорӣ дар соҳаи мазкурро барои кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, махсусан муҳим номиданд.

Бамаврид аст аз гуногунҷанба будани пешниҳодоте, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои СҲШ ироа кардаанд, ёдовар шавем. Барои мисол, Пешвои миллат ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти беҳсозии вазъи экологӣ, дар ҳудуди СҲШ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз дошта буданд, ки «Ташаккули «иқтисодиёти сабз» ва ҳамгироӣ вобаста ба масоили тағйирёбии иқлим яке аз самтҳои муҳими сиёсати экологии кишвари мост».

Пешвои миллат ба он назаранд, ки дар шароити кунунии ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ муҳимияти рушди минбаъдаи фаъолияти иқтисодии фарогири СҲШ меафзояд. Биноан, «шарикии густурдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамдигар ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд бояд чун самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ боқӣ монанд».

Ба ташаккули низоми ягонаи нақлиёт ва истифодаи самарабахши иқтидори транзитии кишварҳои аъзои СҲШ низ Пешвои миллат бетафовут набуда, пешниҳод намуда буданд, ки «ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба барқарорсозӣ ва сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, инчунин, ­бунёди долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад».

Дар ин раванд насли ҷавон ва ибтикор барои роҳ надодан ба ҷалби онҳо ба ҷунбишҳои гуногуни ифротӣ низ дар мадди назари Президенти мамлакат қарор дорад. Вобаста ба ин, маҳз Сардори давлат таъкид карда буданд, ки «кор бо ҷавонон ва ба нафъи ҷавонон бояд яке аз авлавиятҳои муҳими СҲШ гардад».

- Ин имкон медиҳад, ки механизмҳои наву бештар самарабахши ҷалби ҷавонон ба татбиқи нақшаҳои муштараки созандагӣ, пеш аз ҳама, Стратегияи рушди СҲШ барои даҳсолаи оянда рӯи кор оварда шаванд, — таъкид карда буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Коршиносон эътироф кардаанд, ки сиёсати «дарҳои боз»-и эълоннамудаи Сарвари давлат омили асосии муваффақ будан дар ин самт мебошад. Маҳз ҳамин сиёсат замина фароҳам овард, ки кишвар ба ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шомил гардад ва ҷойгоҳаш дар сайёра тамоюли болоравиро касб намояд.

Аз он ифтихормандем, ки Тоҷикистон ба созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ғайра шомил ва хеле фаъолу ташаббускор аст.

Боиси ифтихор аст, ки Роҳбари давлат муаллифи чор ташаббуси бузург — «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, 2005 — 2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (2018 – 2028) мебошанд.

«Ба терроризм танҳо бо роҳи низомӣ ғалаба кардан ғайриимкон аст. Дар ин росто, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот муҳим мебошад» Ин суханони пурҳикмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 10 июни соли 2018 шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой иброз шуд, айни замон сармашқи кор дар арсаи байналмилалист.

Далелҳо ҳокианд, ки омодагии кишвар ба баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ҷиддӣ буда, тасмимҳо ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон вобастаанд. Пешвои миллат 13 январи соли равон зимни суханрониашон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс, минҷумла, гуфтанд, ки «таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ тӯлонӣ хоҳад буд. Аён аст, ки ин таҳдидҳо моро ба андешидани тадбирҳои зарурии таъхирнопазир ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак ба онҳо водор месозанд».

Масъалаи дигари меҳварӣ дар замони раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамон тавре ки Президенти мамлакат тавзеҳ доданд, таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангии дохилии СҲШ бо истифода аз имконот ва захираҳои мавҷуда барои дастгирии мутақобила ба ҳисоб меравад.

Дар ин раванд истифодаи васеи имконоти транзитии фазои СҲШ, идомаи фаъолияти муштарак дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва чолишҳои амниятӣ, муқобилат бо тавсеаи идеологияи радикалӣ, таъсиси Маркази доимоамалкунандаи зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, тавсеаи ҳамкорӣ дар самти идораҳои мудофиа ва хадамоти марзбонӣ афзалият хоҳанд дошт.

Дар ҷараёни раёсат кишвари мо ният дорад, ки ба фаъолияти пурмаҳсули Гурӯҳи тамос «Созмони ҳамкории Шанхай – Афғонистон», аз ҷумла, татбиқи харитаи роҳ мусоидат намуда, барои таҳкими мавқеъҳои байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай кӯшиш ба харҷ диҳад.

Ҳамон тавре ки Пешвои миллат гуфтанд: «Мо идома бахшидани таҷрибаи доир намудани чорабиниҳои муштараки сатҳи баландро байни Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Милали Муттаҳид дар назар дорем».

Соли 2014 дар посух ба саволи «Раёсати Тоҷикистон имсол дар СҲШ то кадом андоза барои кишвар ва шахсан Шумо муҳим аст?» муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Дар маҷмӯъ, раёсат дар ҳама гуна созмон барои ҳар кишвар масъулияти бузург мебошад. Ин обрӯ ва чеҳраи давлат аст. Шахсан барои камина ҳамчун Роҳбари давлат хеле муҳим аст, ки раёсати кишвар дар СҲШ бомуваффақият анҷом пазирад»

Нуфузи Президенти мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, маҳбубияташон дар дохил ва хориҷи кишвар, нияти нек ва азми қавиашон моро мутмаин месозад, ки чорабиниҳои муҳим дар сатҳи хубу сифати баланд баргузор гардида, ба боз ҳам баландтар шудани нуфузи Пешвои миллат ва ҷойгоҳи кишвар дар миқёси олам боис мегардад.

Далер Мерганов,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»