Рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) таҳти шиори «Дастгирии татбиқшавӣ ва мониторинги Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи кишварҳои аъзои СПЕКА» ва Ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол раисии СПЕКА-ро ба уҳда дорад. Кишваре, ки раёсати СПЕКА-ро бар уҳда мегирад, ҷаласаи солонаи Барномаи мазкурро дар пойтахти худ баргузор менамояд. Бинобар ин, ҳамоиши навбатӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Фаъолияти СПЕКА асосан барои инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, дар ҷаласаҳои он раванди инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, обу энергетика, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва ғайра баррасӣ мегарданд. Иттилоъ гирифтем, ки дар доираи СПЕКА шаш гурӯҳи корӣ оид ба захираҳои обию энергетикӣ,оид ба нақлиёт ва убури сарҳад, оид ба савдо, оид ба омор, оид ба рушди иқтисодиёт, оид ба масъалаҳои гендерӣ ва иқтисодиёт фаъолият мекунанд.
Дар кори форуми мазкур зиёда аз 70 нафар, аз чумла коршиносони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои аъзои СПЕКА, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, инчунин корпуси дипломатӣ ва институтҳои байналмилалии молиявии муқими Душанбе ширкат варзиданд.
Дар ифтитоҳи форум муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ба сухан баромада, меҳмононро хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи СПЕКА ибрози назар карданд. Ҳамзамон чанде аз меҳмонони воломақом сухан ронда, роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи форум андешаҳояшонро баён намуданд. Сипас, панҷ ҷаласаи корӣ баргузор шуда, дар онҳо масоили рушди савдо, инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаҳои об, энергетика, муҳити зист, омор ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Дар поёни форум тавсияҳо қабул гардида, барои баррасӣ ва татбиқ ба Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА пешниҳод шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»