Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд.
- Ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида шуда, ба кабудизоркунӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад, — гуфт масъули маркази матбуоти дастгоҳи раиси ноҳия Пирмуҳаммад Пиров. Дар ин замина, маркази деҳоти «Куруш» ва кӯчаҳои он симо дигар карда, истгоҳҳо таъмир, роҳҳои пиёдагард сафолпӯш гардиданд. Сокини ноҳия Мамадалӣ Умаралиев пасандози худ ва ҳамсарашро, ки барои адои маносики ҳаҷ ҷамъ карда буд, баҳри ободии роҳи маҳалла сарф намуд. Дар шаҳраки Навкат ва деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев низ таъмири роҳ идома дорад.
Бахшида ба ҷашн бунёди 410 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 178 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»