Чанде пеш бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии идора намудани сарҳад ба истифода дода шуд.
Дар чорабинии ба ин муносибат доиргардида намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор М. Умаров ҳамчун роҳбари Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии мазкур ҳозиринро хайрамақдам ва бо 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, қайд кард, ки бо мақсади такмил додани раванди муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ва Нақшаи иҷрои он тасдиқ шуда буд.
Стратегия мазкур дар доираи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти миллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодӣ таҳия шуда, ҷиҳати таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва шаҳрвандон, дастгирии муносибатҳои сулҳомез ва дӯстона бо дигар давлатҳо, инчунин сода намудани тиҷорати наздисарҳадӣ равон гардидааст.
Аз тасдиқи Стратегияи зикршуда 7 сол сипарӣ гардидааст. Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо давлатҳои маблағгузор ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими бехатарӣ ва мустаҳкам намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо андешида шудаанд.
Дар навбати худ, коршиносони байналмилалӣ аз давраи таҳия ва қабул гардидани стратегия ёдовар шуда, аз таассуроти худ ва натиҷаҳои сафар ба минтақаҳои сарҳадии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, оид ба дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар самти мустаҳкам намудани сарҳад, сохтмони гузаргоҳҳо, дидбонгоҳ ва дигар иншооти зарурии сарҳадӣ маълумот дода, пурра ба анҷом расонидани онро муҳим арзёбӣ карданд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон