Стратегияи нави миллии солимии аҳолӣ таҳия мешавад

№29 (4291) 04.03.2021

IMG_9036Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар робита ба соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагиҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки соли 2020 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷиҳати тақвияти раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси муосири тиббӣ фаъолиятро идома дода, дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ ва ташаккул додани соҳаи фармасевтии кишвар, такмили сиёсати кадрӣ ва самтҳои гуногуни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайян ба анҷом расид.

Номбурда изҳор дошт, ки рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ соҳаҳои алоқаманди шаҳру ноҳияҳои кишварро дар бар гирифта, дар самти пешгирии як қатор бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамон, пурзӯр намудани неруи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Зикр карда шуд, ки то ҳол бо кишварҳои хориҷӣ 23 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расида, комиссияи байниҳукуматӣ амал менамояд.

- Маврид ба зикр аст, ки нақшаи «Стратегияи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯйи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар доираи амалигардонии равандҳои афзалиятноки «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Ҳадафҳои рушди устувор», «Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ» ва «Сиёсати давлатҳои Аврупо дар соҳаи тандурустӣ дар давраи то соли 2020» таҳия гардида, ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат, дастрасӣ ва самаранокии маҷмӯи хизмат­расониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, — гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода ва ҳамчунин, афзуд, ки барои ташхису муайян намудани бемориҳо, анҷоми бомуваффақияти ҷарроҳӣ ва дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, пешобрав, муоина ва табобати бемориҳои кӯдакона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 81 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи баландсифати тиббӣ ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ ворид шуда, барои истифода 30 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, соли 2020-ум 47 миллиону 718 ҳазору 320 муроҷиати шаҳрвандон ба шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ҳар шаҳрванд дар давоми сол 5,1 муроҷиат рост меояд.

Соли гузашта аз ҳисоби ҳама сарчашма, дар маҷмӯъ, 403 иншооти тандурустӣ ба маблағи 82 миллиону 364 ҳазору 891 сомонӣ сохта ва таъмир шудааст.

Дар чорабинӣ сардорони 8 раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба соҳаҳои гуногуни тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот пешниҳод карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинобар ба охир расидани муҳлати амали «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» стратегияи нав барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул мешавад, ки индикаторҳои дар стратегияи пештара пурра татбиқнаёфта дар он ҷой дода мешаванд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»