Бо мақсади ошноӣ аз созандагию бунёдкорӣ дар деҳоти «Ҷафр»-и ноҳияи Рашт роҳи онро пеш гирифтам. Чун ба бинои маъмурӣ ворид шудан хостам, ҷавони чеҳракушоде ба саломам алейк гирифт ва гуфт, ки роҳбарият дар чойхона — фароғатгоҳи деҳаанд. Он ҷо сокинони деҳаҳо ҷамъ омада, бо сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт, генерал — майори милитсия Сафиало Азизулозода вохӯрӣ доранд.
Ҳисси кунҷкобии касбӣ водорам кард, ки ба самти чойхона — фароғатгоҳ роҳ пеш гирам. Замоне вориди он гаштам, суҳбат нав оғоз ёфта, қариб курсии холӣ намонда буд. Нафаре аз ҷо бархост ва бароям ҷой дод. Нишаста, ба атроф нигаристам. Дар қатори фаъолон занону мардони синну соли гуногун низ ҳузур доштанд.
- Аксарияти сокинон овозаи вохӯриро шунида, худашон омаданд, — аз нигоҳи ман рамуз гирифта, гуфт яке аз кормандони ҷамоат, ки аз гирумонаш ба таъмини ҷои нишаст барои иштирокчиён масъул буд.
- Аз фурсат истифода бурда, шуморо табрик менамоям, — ба гӯшам расид овози генерал — майор С. Азизулозода. — Ҷамоати деҳоти Ҷафр аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд. Ин гувоҳи ватандӯстӣ ва ҷонибдор будан аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
- Деҳоти шумо дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ низ номдор буд. Яке аз аввалин мудирони маорифи ноҳия, ки солҳои бистуми асри пешин дар ташкили мактабҳо, таъсиси курсҳои маҳви бесаводӣ ва мубориза алайҳи дастаҳои босмачиён ҳиссаи сазовор гузоштааст, Раҷаб Зиё буд. Ходими давлатӣ Мирзо Раҳматов низ дар деҳоти шумо ба дунё омада, яке аз сиёсатмандони машҳури давлати паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Аҳли толор бодиққат ба ҳарфҳои ӯ гӯш медоданд ва сардори раёсати милитсия оҳиста — оҳиста сари мақсад меомад.
- Мехоҳам дар атрофи масъалаи барои ҳар як сокини кишвар муҳим ҳарф занам, — суханашро идома дод ӯ. — Масъалаи пешгирӣ намудани паҳншавии хатарҳои терроризму ифротгаройӣ, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, ба Ватан баргардонидани ҷавонони гумроҳ, эҳтироми либоси миллӣ ва ғайра, ки аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошанд. Хурсандам, ки дар суҳбат шумораи зиёди модарони азизу меҳрубон низ иштирок доранд. Чунки модар барои фарзанд азизу муқаддас аст, зеро маҳз ӯ фарзандро тарбия карда, ба воя мерасонад. Хушбахтиро бо бахту саодати фарзанд зич мепайвандад.
Ҳар рӯз дар ҷаҳон тағйирот ва дигаргунии зиёд ба чашм мерасад. Даврони хеле мураккаб аст. Тамоюли афзоиши ҷараёнҳои террористӣ ва ифротгаройӣ дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳонишавӣ ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст. Ин хатар, пеш аз ҳама, ба кишварҳое таҳдид мекунад, ки аксари шаҳрвандони онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд.
Даврони ҷавонии ман бародарам дар ноҳияи Рашт кор мекард ва борҳо ба дидорбинии ӯ омадаам. Меомадаму якчанд рӯз дар хонааш зиндагӣ мекардам. Аз ин рӯ, медонам, ки раштиён дар ҳама давру замон бо ватандӯстиву меҳмоннавозӣ, ободкориву созандагӣ обрӯ ва эътибор доштанду доранд. Аслан, ҳама як мардумем ва хуб медонем, ки агар шахсе аз дигаре манфиат набинад, беғаразона ёрӣ намедиҳад. Кам одамонеро пайдо кардан мумкин аст, ки амали хайри беғаразона дошта бошанд. Давлатдорӣ ҳам ба ин монанд аст. Шумо бовар доред, ки ягон давлати дунё бе дарназардошти манфиат ба шаҳрвандони кишвари дигар ёрӣ диҳад? Агар, дар ҳақиқат, холисона ёрӣ медоданд, замоне ки Тоҷикистони азизи мо аз чанголи ҷангҳои бемаънии шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, вазъи иқтисодиаш хеле бад буд, давлатҳои ҳаммазҳаб дар доираи имконот кумак мерасониданд. Аммо ба ҷои мадад солҳои бесарусомонӣ аз диёр бачаҳои бегуноҳу дунёнадидаро бо фиреб, бо баҳонаи таълиму тарбия бурданд. Падару модарон, ки банди хурофот буданд, садди роҳ нашуданд. Гумон карданд, ки фарзандони онҳо дар мулки бегона, дар мадрасаҳои машҳур таҳсил карда, ба ҳайси олимони донишманд ба Ватан бармегарданд. Дар асл мақсад дигар буд. Атфоли аз ҳақиқат ноогоҳ дар мулки бегона таълимоти ғайриқонунӣ гирифтанд, ки онҳоро ба сӯи ифротгаройӣ роҳнамоӣ кард. Магар бачаҳо дар ин кор гуноҳе доранд? На. Гунаҳкор мо будем: падару модар, фаъолон, аҳли зиё, ки сари вақт ба масъала дуруст сарфаҳм нарафтем ва пеши роҳи фиребгаронро нагирифтем.
Понздаҳуми октябри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба бозхонди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғайрирасмӣ дар донишгоҳу мадрасаҳои динии хориҷи кишвар таълим гирифта истодаанд», дастур доданд. Мақомоти дахлдори давлатӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида бошанд ҳам, ҳоло низ дубора ба хориҷи кишвар пайи таҳсил рафтани зумрае аз толибилмон мушоҳида мешавад.
Ӯ бо ҳарорат ҳарф мезад ва ман ёд меовардам, ки генерал-майор замоне корманди кумитаи комсомоли ҷумҳурӣ буд. Биноан, хуб обутоб ёфта, ба масъалаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ сарфаҳм меравад. Чанд сол дар кишвари Россия фаъолият дошт ва баъдан дар вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷират кор кард. Яъне, аз ҳаёти ҷавонони тоҷик, ки берун аз марзи Ватан зиндагӣ доранд, огоҳ аст.
- Мо бояд дар тарбияи фарзанд ба бепарвоӣ роҳ надиҳем, зеро ояндаи кишвари соҳибистиқлоламон ба насли наврас ва ҷавонон иртиботи қавӣ дорад. Онҳо бояд кори падаронро идома дода, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба мамлакати пешрафта ва демократӣ табдил диҳанд. Ҷавонони босавод ва соҳибтаҳсил ба кадом гӯшаи дунё, ки раванд, хор намешаванд. Ҷои кори хуб пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд якҷо ба тарбияи дурусти насли наврас машғул шаванд.
Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро зуҳуроти номатлуб аст. Ташкилотҳое ҳастанд, ки барои ба доми фиреб кашидани ҷавонони бесавод ва аз ҳақиқат ноогоҳ ҳама корро мекунанд ва бо ин роҳ сарвати зиёд меғундоранд. Ҳизби наҳзат, «Гурӯҳи 24», «Ҳизбуттаҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ихвонунмуслимин» ва даҳҳо ташкилоти террористиву ифротии дигар аз ин ҷумлаанд.
Таҳлили парвандаҳои ҷиноӣ нишон медиҳад, ки беш аз 90 дарсади дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 52 фоизи онҳо аз 18 то 30 солро дар бар мегирад.
Самаранок пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро аз раисони ҷамоату маҳаллаҳо, фаъолон ва волидайн вобастагии бевосита дорад. Ман бовар дорам, ки сокинони деҳаҳо доир ба ҳама истиқоматкунандагони маҳаллаҳо маълумот доранд. Кадом ҷавон ба куҷо меравад ва ба чӣ кор машғул аст, ҳамааш мисли панҷ панҷа барои мардуми деҳа аён аст. Аз ин рӯ, набояд он ҷавононеро, ки ба ҷинояткорӣ даст мезананд ва ё бар зидди давлату миллат кореро ба анҷом расониданӣ мешаванд, пинҳон кунем. Чунин муносибат ба зарари ҷомеа аст.
Пешвои миллат дар суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Ба таҳсил ҷалб кардани духтарон низ вазифаи падару модарон аст. Агар модар соҳиби савод бошад, пеш аз ҳама, фарзандонро хуб тарбия мекунад. Дигар ин ки духтари босавод дар паҳлуи шавҳар барои бунёди оилаи мустаҳкам кӯшиш менамояд ва барои таъмини зиндагии шоистаи хонавода талош мекунад. Аз таҷриба оид ба зиндагии духтарони бесавод хотираҳои дардолуд дорам. Боре ҷавонзане қасди худкушӣ кард. Мехост худро ба қаъри дарё партояд. Хушбахтона, сари вақт дастаи таъиноти махсуси милитсия огоҳӣ ёфта, пеши роҳашро гирифт. Бо ӯ суҳбат кардам. Маълум шуд, ки баъди хатми синфи нуҳ ӯро ба шавҳар додаанд ва баъди соҳиби як фарзанд шудан шавҳараш ба Россия рафта, зани ҷавону фарзанди навзодашро фаромӯш мекунад. Баъди гузаштани як-ду сол падарарӯс ва хушдоман низ ҷавонзанро бо фарзанд ба оғӯши тақдир ҳавола карда, ҳатто ба набера шафқат намекунанд. Ҷавонзан, ки ғайр аз хонаи падару шавҳар ҷое нарафта буд ва таҷрибае дар зиндагӣ надошт, баъди муомилаи сангдилонаи волидайни шавҳар фарзандашро гирифта, ба хонаи падар бармегардад. Дар хонаи падар то рӯзи дар ҳаёт будани падару модар ҳамроҳи фарзанд зиндагӣ мекунад, аммо баъди аз сар рафтани онҳо бародарон дигар ӯро намеғунҷонанд. Аз ин бадбахтӣ роҳи наҷот меҷӯяд, аммо коре аз дасташ намеояд. Чунки соҳиби касбе набуд, ки кор кунад ва фарзанди ноболиғашро тарбия намояд. Сипас, ягона роҳи халосиро дар худкушӣ мебинад. Насиҳаташ кардем. Ба ӯ фаҳмонидем, ки инсон бояд сабру таҳаммул дошта бошад ва барои аз нав ташкил намудани зиндагӣ роҳу илоҷ пайдо намояд. Агар ҷавонзан таҳсилдида мебуд, кор карда, рӯзгори худ ва фарзандашро таъмин мекард.
Чун ба гузаштаи миллат бо чашми ақл нигарем, мебинем, ки гузаштагон, сарфи назар аз ҳама мушкилӣ, бо ҳама саргардониву оворагӣ барои насли баъдӣ суннатҳои миллиро ҳифз намуда, то даврони мо расонданд. Ҷои таассуф аст, ки солҳои охир миёни сокинони кишвар як тамоюли бегонапарастӣ ва майлу рағбат ба фарҳанги бегона дида мешавад. Чунин муносибат ба мероси ниёкон боиси ташвиш аст. Чун суҳбат бо сокинони як деҳоти Рашт аст, мехостам нуктаеро ёдовар шавам:
- Ҳанӯз соли 1868 К. А. Абрамов дар асараш «Хотираҳо» таъкид мекунад, ки «Дар Қаротегин занҳо аз мардҳо рӯй пинҳон намекунанд ва ба ҷамъияти мардҳо озодона меоянд».
Худ қазоват кунед, ки як сайёҳи рус дар давроне, ки дини ислом дар Раштонзамин пурра ҳукмрон буд, омадааст ва хоҳарону модарони моро дида, баҳо додааст. Аз хулосаи вай бармеояд, ки сарулибоси миллие, ки алҳол ҳам занону духтарони раштӣ дар бар менамоянд, мероси гузаштагон аст. Онҳоро эҳтиёт намуда, ба насли баъдӣ расонидан вазифаи мост.
Сафиало Азизулозода бо мисолҳои равшану фаҳмо дар атрофи масъалаҳои муҳими рӯз беш аз ду соат бо аҳли толор суҳбат кард ва баъди анҷом худоҳофизӣ карду рафт.
Сипас, муллоимоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Нимич Собир Дилшодов зимни суҳбат ба ман гуфт:
«Нори хандон боғро хандон кунад,
Суҳбати мардонат аз мардон кунад.
Ба суханони генерал- майор гӯш медодаму ин байти Мавлавӣ ёдам омад. Суханронӣ хушам омад. Ҳар чӣ гуфт, аз мағзи дилу ҷон гуфт. Мо як бор ба доми фиреби бегонаҳо афтода, азоб кашидем. Ҷуръат накардем, то ин ки ҳақиқатро ба мардум бигӯем. Оқибат ҷумҳуриро онҳо ба оташ кашиданд. Дар намозҳоямон дуо мекунем, ки он рӯзҳои сиёҳро ба ҳафт пушти ояндаи мо насиб нагардонад. Барои ноил шудан ба ниятҳои нек бояд андеша кунем ва фарзандонро ба роҳи рост тарбия намоем. Ҳафтод пушти мо пайрави мазҳаби Имоми Аъзам буданд ва ҳоло низ ҷавонони диёр бояд танҳо аз ин мазҳаб пайравӣ намоянд. Зеро мувофиқи таълимоти Имоми Аъзам, аз дигар мазҳабҳо ба мазҳаби мо гаравидан дар асоси рукнҳои шариати ислом дуруст аст, вале пайрави мазҳаби мо ҳаққи пазируфтани дигар мазҳабро надорад. Инро ман нагуфтаам. Ин сухани бузургон аст, ки дар китобҳояшон хондаам. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки бегоҳ, баъди адои намози шом, бо қавми намозхони деҳаи Нимич дар ин мавзӯъ суҳбат кунам. Панду андарзҳои падаронаи сардори раёсати милитсияро ба мардум расонам. Раҳмат ба гузаштагони ӯ».
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»