Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии «Суғд-2018» баргузор гардид. Дар он маҳсули ҳунармандони халқӣ, хӯрокворию консерв, хушкмева, маҳсулоти саноати бофандагӣ, сохтмон, нӯшокӣ, гӯшту ширӣ, меваю сабзавоти тарутоза ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Ширкаткунандагон имкони шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳҳои хориҷию ватаниро пайдо намуда, маҳсулоти писандашонро хариданд. Муҳимтар аз ҳама, байни ширкату соҳибкорони дохилию хориҷӣ зиёда аз 30 шартнома ва меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тибқи анъана, дар доираи чорабинӣ озмуни «Маҳсулоти беҳтарини сол» ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ шуданд. Ҷойҳои намоёнро ширкатҳои «Артуч», «Қолинҳои Қайроққум», «Темуриён», «Суғд-аквапласт», «Арча-мебел», «Зарафшон», Маркази савдои «Баҳор», «Нур-панел» соҳиб гардиданд.
Дар ярмарка беш аз 300 меҳмон аз кишварҳои ҳамҷавор ҳузур доштанд, ки далели рушди ҳамкорӣ аст.
Намояндаи Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Михаил Ключарев дар суҳбат андешаҳояшро чунин баён кард:
- Ба Ярмаркаи байналмилалии «Суғд-2018» чанд лоиҳаи ҷолиб овардаем, ки муҳимтаринаш барқароркунии хати ҳаракати – троллейбус дар шаҳри Хуҷанд аст.
Намояндаи Палатаи савдо ва саноати вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилшод Менглиев аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки бо фароҳам шудани шароит 40 ширкати ин ҷумҳурӣ маҳсулоти хешро дар чорабинии мазкур ба маъраз гузоштанд.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»