Чанде пеш дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии калони фарҳангӣ бахшида ба нахустгусели 1043 нафар ҷавони вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддас маҳсуб меёбад ва боиси хурсандӣ аст, ки бархе аз даъватшавандагон ба комиссариатҳои ҳарбӣ ихтиёрӣ ҳозир шудаанд.
Омилҳои асосии ба ин раванд мусоидаткунанда беҳтар ва ба меъёрҳои амалкунанда ҷавобгӯ шудани шароити хизмат дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ, хуб ба роҳ мондани ташвиқот миёни ҷавонон, ташкили аёдати волидон аз қисмҳои ҳарбӣ ва шиносоии онҳо бо шароити зисти фарзандон мебошад. Волидон бо чашм мебинанд ва бовар ҳосил мекунанд, ки фарзандон дар шароити хуб адои хизмат доранд, нисбат ба онҳо ягон амали ғайриоинномавӣ ба назар намерасад. Аз ин ҷост, ки сафи ихтиёриён сол аз сол афзуда истодааст.
Комиссари ҳарбии вилоят, генерал-майор Назарзода Назар Бадал аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёд карда, изҳор дошт, ки ба шарофати дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ соҳибиқтидор гардид ва қодир аст марзу буми Ватанро сарбаландона ҳимоя кунад.
Эмомалӣ Султонов, ки аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ихтиёран барои хизмати аскарӣ рафт, хизмат ба Ватанро шаъну шараф ва ору номуси мардӣ номид.
Маҳмадалӣ Эгамов аз шаҳри Истаравшан он рӯз писари чоруми худро ба хизмати аскарӣ гусел кард. Ӯ волидонро даъват намуд, ки фарзандони худро ба адои хизмати Модар-Ватан ҳидоят кунанд, то онҳо дар мактаби мардонагӣ обутоб ёфта, ба зиндагии мустақилона ҳамаҷониба омода шаванд.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум».
Суратгир Иномҷон Рабиев