Суғд ба таҷлили наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ омода аст

№ 17.03.2023

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд баргузор мегардад.

Барои дар сатҳти баланд гузаронидани чорабинӣ қарори Раиси вилояти Суғд иборат аз 9 банд ба имзо расидааст. Ба ҳайати кумитаи тадорукот роҳбарони ташкилоту сохторҳои зарурӣ шомил шудаанд.

Тавре аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робитаи бо ҷомеаи МИҲД вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар он 29 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзҳои таҷлили Наврӯз барои аскарбачаҳои ҷузъу томҳои ҳарбии қаламрави вилоят, бошандагони хонаҳои пиронсолон, тарбиятгирандагони хона-интернатҳо дастурхони идона меороянд.

Қисмати ҷамъбастии Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» баргузор мешавад. Дар он аз ҷониби устодони санъати ҷумҳурӣ ва вилоят композитсияи адабӣ-мусиқӣ намоиш дода мешавад. Дар назар аст, ки барномаи консертиро ҳунармандони кишварҳои ҳамсоя бо суруду таронаҳои дилангез шаҳомат бахшанд.

Ба ғайр аз ин, бо иштироки меҳмонони олиқадр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти гуногун мавриди истифода қарор мегирад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»