Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҳамчун беҳтарин минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ шинохта шуд.
Дар маҷмӯъ, дар озмун 26 субъекти хоҷагидори вилоят, ки содироти маҳсулотро роҳандозӣ менамоянд, ширкат варзида, аксарият дар номинатсияҳои гуногун ғолиб гардиданд. Аз ҷумла, корхонаҳои «Баракат — Исфара», «Исфарафуд» — и шаҳри Исфара, «Меваю сабзавот» — и шаҳри Истаравшан» ва «Зардолу компания»-и ноҳияи Ашт дар номинатсияи соҳаи кишоварзӣ, «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан, «Ҷавонӣ», «Сатн», «Таҷпроф»-и шаҳри Хуҷанд дар соҳаи саноат, Пойгоҳи куҳнавардию сайёҳии «Артуч»-и шаҳри Панҷакент дар номинатсияи сайёҳӣ ва «Бонки Эсхата» дар номинатсияи хизматрасонӣ бартарӣ ба даст оварданд.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»