Ҷаласаи фаъолони вилояти Суғд ба ҷамъбасти фаъолияти се моҳи аввали соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бахшида шуд, ки таҳти раёсати раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон Раҷаббой Аҳмадзода гузашт.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2023 дар тамоми самтҳо таъмин гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоизро ташкил дод.
Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, то 1- уми апрели соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 1 миллиарду 47,4 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,3 фоиз таъмин шудааст.
Дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 197,9 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки баробари 105,7 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 аст. Ҳамзамон, нақшаи воридоти андозҳо ба буҷетҳои давлатию маҳаллӣ сари вақт ва барзиёд иҷро шуда, дар ин замина уҳдадориҳои иҷтимоии давлат татбиқ шуданд.
Дар маҷлис аз камбудиву норасоиҳо низ сухан рафт, аз ҷумла бобати сифатнок иҷро нагардидани ҷамъоварии андоз, ки дар натиҷа ба буҷети вилоят 1 млн. 600 ҳаз. сомонӣ маблағ ворид нашудааст, норасоии мутахассисон дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, болоравии теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамзамон, аз ҳисоби занон, самаранок истифода бурда нашудани корхонаҳои як замон давлатие, ки хусусӣ шудаанд, номуназзамии ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар маркази вилоят, тадриси ғайриқонунии динӣ, ки аз ҳисоби мактаббачагон ба назар мерасад, бекор карда шудани қарорҳои раисони шаҳру ноҳия, ки бештарашон марбут ба тақсимоти замин аст, ғайриқонунӣ забт кардани мавзеи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки 32 гектарро ташкил медиҳанд ва ғайраҳо.
Раҷаббой Аҳмадзода дар баромади худ бобати тамоюли номатлуби гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта дар заминаи тадриси ғайриқонунии динӣ махсус изҳори нигаронӣ кард.
- Дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти қудратӣ 55 ҳодисаи таълими ғайриқонунии динӣ ошкор гардид, дар он 272 нафар ба омӯзиш ҷалб шуда, байнашон хонандагони мактабҳо низ буданд,- гуфт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,- нисбат ба вайронкунандагони қонун шаш парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Беш аз 1000 нафар сокинони вилоят дар давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ қарор доранд.
Раиси вилоят доир ба камбудиву норасоиҳои ҷойдошта масъулини соҳаҳои ҷавонон, кор бо занон, маорифу тандурустӣ, идораи замин, роҳу нақлиёт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои дахлдорро вобаста ба самти фаъолияташон вазифадор кард, ки баҳри ислоҳи саривақтии камбудиҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»