Чанде пеш дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли равон баргузор гардид.
Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар давраи мавриди назар маърӯза кард. Зикр гардид, ки нишондиҳандаи иқтисодиёт ба 16,2 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расида, ҳиссаи вилоят дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шудааст. Дар 6 моҳи соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 12831 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш, бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.
— Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2024-ум 591,8 ҳазор тонна семент ва 865,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шуд,- изҳор дошт Зариф Мирдадо.
Дар идома маълум гардид, ки бо вуҷуди андешидани чораҳои таъхирнопазир дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёдшавии бақияи қарзи андоз (131,7 млн. сомонӣ), афзоиши ҷиноят, кам шудани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ, норасоии мактабҳо, қарз аз пардохти музди меҳнат, афзоиши муҳоҷирони меҳнатӣ, норасоии оби нӯшокӣ, адои сафари умра аз ҷониби хонандагон, монеа шудани волидон ба таҳсилот, тадриси ғайриқонунии динии хонандагон ва ғайра ба назар мерасанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулон шарҳу тавзеҳи сабабҳои рух додани камбудиҳоро талаб карда, дастур дод, ки ин камбудиҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ислоҳ шаванд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
“Садои мардум”.
Суратгир Иномҷон РАБИЕВ