СУҒД. ДУРНАМОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИ ХУШҲОЛКУНАНДА АСТ

№ 08.11.2024

ЧАМЪ МИРЗО (2)15-уми октябр таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда муовини раиси вилоят Даврон Зоҳидзода иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 20 миллиарду 360,7 млн. сомонӣ расид.

Барои истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят соли ҷорӣ ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2800 ҷойи нави корӣ дар назар буд, ки амалан 133 корхонаву коргоҳи нав бо 1939 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 113% ва нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,1% таъмин гардиданд. Ҳамчунин, вобаста ба ҳолат ва рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила маълумот дода шуд.

Изҳори боварӣ гардид, ки сокинони шарафманди вилоят минбаъд низ сарҷамъона меҳнат карда, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт.

М.МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»